Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди як гурӯҳи тундрав ба давлати Қазоқистон


Як гурӯҳи то кунун номаълуми тундрави исломӣ бо таҳдид ба давлати Қазоқистон гуфтааст, агар ба таъсиси гӯшаи ибодат дар муассисаҳои давлатӣ иҷоза надиҳад, дар он кишвар ба хушунат даст мезананд. Гурӯҳи назоратии SITE, ки дар Амрико қароргоҳ дорад мегӯяд, гурӯҳи Ҷунд ал-Халифа ва ё “Сарбозони Хилофат”, бо нашри видеое дар рӯзи 21 октябр чунин таҳдид кардааст. Чаҳор марди ниқобпӯши мусаллаҳ бо хитоб ба ҳукумати Қазоқистон мегӯянд, қонуни чанде пеш қабулшударо лағв кунад, ки бар асоси он таъсиси гӯшаҳои махсус барои ибодат дар муассисаҳои давлатӣ мамнӯъ аст. Нурсултон Назарбоев, ки ҳамин моҳ қонун доир ба фаъолиятҳои диниро имзо кард мегӯяд, ин қонун баръакс, таҳаммулпазирии мазҳабиро тақвият мебахшад. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ин қонунро интиқод карда буданд.
XS
SM
MD
LG