Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия кӯмакҳои хориҷӣ ба зилзилазадагон қабул мекунад


Дар ҷануби шарқи Туркия бовари кормандони наҷот ба зинда пайдо кардани одамон аз зери овор камтар шудааст.

Шумораи қурбониёни зилзилаи рӯзи якшанбе ба 400 нафар наздик мешавад ва бозмондагони зилзила шаби севвуми сардро низ паси сар карданд.

ТУРКИЯ КӮМАКҲОРО ҚАБУЛ МЕКУНАД

Ҳукумати Туркия розӣ шудааст, ки барои рафъи оқибатҳои фоҷеабори зилзилаи харобиовар, кӯмакҳои хориҷиро қабул кунад. Вазорати корҳои хориҷии Туркия ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки аз 30 кишвар, аз ҷумла аз Исроил, ки то ҳол бӯҳрони дипломатии миёни ду кишвар идома дорад, хайма ва хонаҳои зудсохт дархост кардааст.

Ин тасмими Анкара дар ҳоле эълон шуд, ки ду рӯз пеш ҳукумати Туркия пешниҳодҳоро дар бораи дарёфти кӯмакҳои хориҷӣ рад карда буд. Ду рӯз пеш Туркия эълон кард, ки кӯмакҳоро танҳо аз Эрону Озарбойҷон қабул мекунад, зеро ин ду кишвар бо минтақаи зилзила ҳаммарз мебошанд.

Дар эъломияи ҳукумати Исроил омадааст, Эҳуд Барак-вазири дифоъ ба кормандони вазораташ машварат додааст, ки аз роҳи ҳавоӣ кӯмакҳои вижаро ба Туркия расонанд ва ба гуфтаи вай, ин кӯмакҳо бино ба дархости ҷониби Туркия сурат мегирад.

НАҶОТИ ЯК НАВЗОД

Талоши гурӯҳҳои наҷот дар маҳали зилзила рӯзи сешанбе бо наҷоти Арза Карадуман-кӯдаки чаҳордаҳрӯза, модари вай ва модаркалонаш анҷомид.
Дар назди хонае, ки ин кӯдакро наҷот доданд, яке аз хешовандон баъд аз наҷоти кӯдак чунин гуфт: “Мо 48 соат интизор шудем. Кӯдак наҷот ёфт. Ман умедворам, ки модарам ва янгаам низ наҷот дода мешаванд.”

Наҷоти як навзод аз зери вайронаҳои зилзила дар Туркия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:17 0:00

Мақомоти Туркия мегӯянд, ки дар маҳали зилзила бештар аз 2000 гурӯҳи наҷот кор мекунанд. Ҳавошиносон дар ин рӯзҳо дар ин минтақаи кӯҳистонӣ бориши барфи нахустинро пешбинӣ кардаанд. Дар шаҳри Ван ва шаҳракҳои дигари атроф шифохонаҳои саҳроӣ барои кӯмак ба ниёзмандон боз шудаанд. Дар ин минтақа бештари хонаҳои зист аз гил сохта шудаанд ва ба зилзилаи шадид тоб намеоранд.

НОБАРОБАРӢ ДАР ТАҚСИМИ КӮМАКҲО

Бисёре аз бозмондагони зилзила то ҳол дар ҳолати тарсу нигаронӣ ба сарм ебаранд. Меҳмет Белин яке аз онҳост: “Мо ба хайма ниёз дорем. Мо ду ё се рӯз аст, ки кӯмаке дарёфт накардаем. Кӯмакҳо ба одамони сарватманд дода мешавад. Сарватмандон кӯмакҳоро мегиранд, фақирон дар канор мемонанд. Ин гуноҳ аст, чунки ин кӯмакҳо ба мо омадааст, вале фоидаи онро одамони доро мебинанд. Мо чизе надорем. Нигоҳ кунед, деҳае, ки дорои 1000 нафар аҳолист, чизе надорад. Онҳо ба мо танҳо 20 хайма доданд.”

Бо назардошти чунин вазъ, ҳоло Анкара барои таъхир дар дарёфти кӯмакҳои хориҷӣ мавриди интиқод қарор гирифтааст. Ҳукумати ин кишвар танҳо баъди гузашти 48 соат аз зилзилаи харобиовар ба дарёфти кӯмакҳои хориҷӣ ризоят дод.
XS
SM
MD
LG