Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаб барои истеъфои нахуствазири Қазоқистон


Як ҳаракати ҷавонони норозӣ аз сиёсати ҳукумат дар Қазоқистон барои истеъфои Карим Масимов нахуствазири ин кишвар 10 ҳазор имзо ҷамъ овардаанд. Ҳаракати ҷавонони мавсум ба “Рӯҳ ва забон” мегӯяд, ба нишони эътироз аз афзоиши қиматҳо, қасди Қазоқистон барои узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ ва густариши ҳузури Чин дар иқтисоди Қазоқистон ба ин кор даст задаанд. Инга Имонбой, як фаъоли ин ҳаракат гуфт, нахуствазир Карим Масимов, сабабҳои афзоиши қимати маводи ғизоӣ, сӯхт ва хадамоти умумӣ ва ё роҳҳои ҳалли ин мушкил аз тарафи ҳукуматро шарҳ надодааст.
XS
SM
MD
LG