Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон хонуми Зулфиқор Алӣ Бҳутторо ба хок супурд


Нусрат Бҳутто
Дирӯз дар Покистон ҳазорон нафар ба раҳбарии Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури ин кишвар дар маросими дафни Нусрат Бҳутто ширкат карданд. Нусрат Бҳутто хонуми президент ва нахуствазири пешин Зулфиқор Алӣ Бҳутто ва модари Беназир Бҳутто рӯзи якшанбе дар Дубай дар синни 82 солагӣ даргузашт. Хонум Нусрат ду бор вакили порламон интихоб шуда буд ва раҳбарии Ҳизби Мардумии Покистонро бар ӯҳда дошт. Дар миёнаи солҳои 1980-ӯм духтараш Беназир раҳбарии ин ҳизбро бар ӯҳда гирифт. Беназир Бҳутто-нахуствазири пешин соли 2007 дар сӯиқасде кушта шуд. Ҳоло шаҳвҳараш Осиф Алӣ Зардорӣ раиси ҷумҳури Покистон аст. Дар робита бо ин даргузашт дар Покистон 10 рӯз таътил эълон шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG