Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо кушта ва захмӣ дар заминларзаи Туркия


Заминларза дар шарқи Туркия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:20 0:00
Линки мустақим

Зилзилаи пуршиддате шарқи Туркия, наздикиҳои шаҳри Вонро дар садкилометрии марз бо Эрон такон дод. Хадамоти заминшиносии Амрико шиддати зилзиларо дар ҳудуди 7,3 дараҷаи Риҳтер ҳисоб кардаанд...

Мақомот мегӯянд, шумораи ҳалокшудагони зилзила дар шарқи Туркия ба беш аз 200 нафар расидааст.

Идрис Наим Шаҳим, вазири корҳои дохилии Туркия, низ таъйид кард, ки шумораи кушташудагон дар шаҳраки Эрҷис ба 117 ва дар шаҳри Вон ба 100 нафар расидааст.

Cозмони заминшиносии Амрико шиддати зилзилаи Вонро 7.2 дараҷаи ҷадвали Рихтер ва дар умқи 20 километр эълом кардааст ва маркази зилзилашиносии Туркия низ эълом кардааст, ки пас аз вуқуъи ин зилзила, чандин пасларза бо шиддати 5.5 дараҷаи ҷадвали Рихтер низ ба вуқуъ пайвастанд.

Шаҳри Вон маркази вилояти Вон аст ва дар он як миллион нафар аҳолӣ ба сар мебарад. Ба гуфтаи Идрис Наим Шаҳим, дастикам 1 ҳазору 100 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бар асари ин зилзила биноҳо фурӯ рехтаанд ва гурӯҳҳои наҷот тамоми шаб бо корҳои наҷот машғул буданд. Матбуоти Туркия гуфтааст, ки нерӯи барқ ва иртиботи телефонӣ дар ин шаҳр қатъ шудааст.


НАТО, Чину Ҷопон, Амрико ва Озарбойҷону кишварҳои аврупоӣ ба Туркия барои рафъи оқибатҳои зилзилаи марговар пешниҳоди кӯмак кардаанд. Серж Саркисян, раиси ҷумҳури Арманистон, ки солҳост бо Туркия хусумат дорад, дар як сӯҳбати телефонӣ ин фоҷиаро ба Абдулло Гул -- раисиҷумҳури Туркия таслият гуфт.

Вуқуъи заминларза дар Туркия амри ғайримаъмулӣ нест ва гоҳ ин воқеаи табиӣ ҷони ҳазорон танро дар Туркия гирифтааст.

Соли 199 дар ду зилзилаи шадид дар Туркия бештар аз 20 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода буданд ва соли 1976 низ бар асари заминларза дар вилояти Вон наздик ба чаҳор ҳазор тан ҷон бохта буданд.

XS
SM
MD
LG