Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Булғористон даври аввали интихоботи президентӣ ҷараён дорад


Имрӯз дар кишвари Булғористон даври аввали интихоботи президентӣ ҷараён дорад. Барои назорат аз интихобот ва ҷилавгирӣ аз роҳ ёфтани тақаллубу овоздиҳии чандинкарата барои нахустин бор нозирони Иттиҳодияи Аврупо ба ин ҷо омадаанд. Назархоҳиҳо вазири собиқ Розен Плевнилиевро чун пештози сабқат барои гирифтани курсии президенти амалкунанда Георгий Парванов унвон кардаанд. Парванов ду мӯҳлати бомуваффақияти раҳбарии Булғористонро пушти сар кардааст. Аз рақибони аслии Плевнилиев вазири собиқи умури хориҷа ва узви парлумони Аврупо Ивайло Калфин ва собиқ узви комиссиюни Аврупо Меглена Кунева гуфта мешаванд. Плевнилиевро дар интихобот нирӯҳои ростгаро пуштибонӣ мекунанд. Дар сурати бурдани аз нисф зиёди овози мардум, дари дигари интихобот дар фурсати як ҳафта баргузор мешавад. Дар интихоботи 6,9 миллион мардуми дорои ҳақи раъй иштирок мекунанд.
XS
SM
MD
LG