Шаби ҷумъа ба шанбе бар асари сӯхторе дар як қисми бозори марказии шаҳри Хоруғ ба кормандони он хисороти зиёди молӣ ворид шуд. Анвар Шолангаров, муовини сардори хадамоти оташнишонии вилояти Бадахшон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки сухтор соати 23-ву 30 дақиқаи шаби 21-уми октябр ба вуқуъ пайваста, ба маблағи қариб як миллион сомони ба соҳибкорон зарар расонид.
“Бар асари сухтор 4 ошхона, 18 мағоза ва як маркази савдо аз истифода баромаданд, бо тамоми молу чизе, ки дар дарунашон буд. Оташнишонҳо пас аз 5 дақиқа дар ҷойи ҳодиса ҳозир буданд, лекин аллакай се ошхона пурра сӯхта буд. Хушбахтона касе ҳалок нашудааст ва аз сӯхтор ҷароҳат набардоштааст”.
Муовини сардори хадамот мегуяд, азбаски аз як тарафи иншоот руди Ғунд убур мекунад, ин ҳолат кори сӯхторнишонҳоро мушкил сохта, боиси хисороти бештаре шудааст. Сабаби сар задани сӯхтор мушаххас нест.