Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Ҳилларӣ Клинтон аз Тоҷикистон оғоз шуд


Шоми имрӯз Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико барои боздиди расмӣ аз Покистон вориди Душанбе-пойтахти Тоҷикистон шуд. Тибқи барномаи сафар, қарор аст хонум Клинтон 22-октябр бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва бо Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дидор ва масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни ду кишвар ва масъалаҳои минтақаиро баррассӣ мекунанд. Бино ба хабари сафорати Амрико, дар Душанбе хонум Клинтон дар Душанбе бо маҳофили фарҳангиву иҷтимоӣ низ мулоқот анҷом медиҳад. Баъд аз Тоҷикистон боздиди вазири корҳои хориҷии Амрико аз Узбакистон идома меёбад. Вай аз корхонаи нави Ҷенерал Моторз Пауертрейн дар Тошканд боздид ва оғози "Барномаи соҳибкории технологӣ дар Осиёи Марказӣ" ва "Мусобиқаи Техно-Прайз"-ро эълон мекунад. Мулоқоти вай бо президент Ислом Каримов ва Элёр Ғаниев-вазири корҳои хориҷӣ низ дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG