Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги Қаззофӣ ба эътирозҳои Сурия "руған" рехт


Бино ба гузоришҳо, имрӯз эътирозгарон баъд аз намози ҷумъа дар Сурия ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд ва истеъфои президент Башор Асадро тақозо карданд. Тазоҳуркунандагон шиор медоданд ва бо ишора ба Муаммар Қаззофӣ мегуфтанд, ки акнун навбати суқути режими Башор Асад расидааст. Бино ба гузоришҳо, дар шаҳри Ҳомс вақте, ки нируҳои амниятӣ ба сӯи тазоҳуркунандагон оташ кушоданд, чанд нафар кушта шудаанд. СММ тахмин мезанад, ки дар давоми 7 моҳи саркӯбиҳои тазоҳуркунандагон аз ҷониби режими Асад бештар аз 3 000 нафар ба қатл расидаанд.
XS
SM
MD
LG