Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хайма"-и сарҳанг Қаззофиро "бод" бурд


Мақомоти нави Либия эълон карданд, ки Муаммар Қаззофӣ рӯзи 20 октябр дар зодгоҳаш Сирт кушта шудааст.

Раҳбарони Либия ва ҷаҳон аз “поёни даврони истибдод” ва боз шудани саҳифаи наве барои ин кишвари арабии Африқои шимолӣ истиқбол мекунанд.

Абдулҳафиз Ғога, сухангӯи Шӯрои миллии гузор
Абдулҳафиз Ғога, сухангӯи Шӯрои миллии гузор
Сухангӯи Шӯрои миллии гузор Абдулҳафиз Ғога дар Бенғозӣ гуфт: “Мо ба ҷаҳон эълон мекунем, ки Муаммар Қаззофӣ дар рӯи дастони инқилобгарон ҳалок шуд ва истибдоду диктатураи Қаззофӣ дар ниҳоят ба поён омада, ин фасл барои Либия ва тамоми дунё итмом ёфт.”

Наворҳои телевизионӣ ҳокист, ки мардум дар Сирту Троблусу Бенғозӣ ва шаҳрҳои дигари Либия аз ҳалокати Қаззофӣ ва тасарруфи зодгоҳи ӯ истиқбол мекунанд. Як сокини Троблус гуфт, шукри Худо мегӯяд, ки марги “иблис”-ро ба чашми худ дид.

Бо ин ҳол, ҷузъиёти охирин набарди Қаззофӣ батадриҷ бармало мешавад. НАТО гуфт, ҳавопаймоҳояш соати тақрибан 8-30-и субҳи панҷшанбе ба як корвон дар наздикии Сирт зарба заданд, ки ба ду мошини низомӣ аз ин корвон асобат кардааст. НАТО ҳанӯз таъйид накардааст, ки Қаззофӣ дар яке аз ин мошинҳо буд. Вале вазири дифоъи Фаронса Жерар Лонге баъдтар ба телевизиони Фаронса гуфт, ҳавопаймоҳои фаронсавӣ дар ҷараёни ин ҳамлаҳои НАТО монеъи идомаи ҳаракати корвоне шудаанд, ки интиқоли Қаззофиро ба ҳадаф дошт.
Кушта шудани Қаззофӣ дар зодгоҳаш
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:15 0:00
Линки мустақим

Чирикҳо Қаззофиро зоҳиран зинда гирифтаанд. Навори нашршуда дар телевизиони арабии Ал-Ҷазира дар иҳотаи афроди мусаллаҳ як марди захмӣ ва сару рӯяш хунолудро намоиш медиҳад, ки бовар меравад, Қаззофӣ бошад.

Яке аз чирикҳо ба Ройтерс гуфт, диктатори собиқро аз як ғор пайдо кардаанд. Шӯрои миллии гузор гуфт, ҷасади Муаммар Қаззофиро ба масҷиди Мисрота, шаҳре дар байни Сирт ва пойтахти Либия – Троблус бурдаанд.

Дирӯз дар Сирт чанд тан аз ёрони калидии Қаззофӣ, бо шумули писари ӯ Мӯътасим ва мушовираш дар умури амнияти миллӣ, низ кушта шуда, дар бораи дастгир ё кушта шудани Сайфулислом Қаззофӣ, ки як замон вориси тахти падараш ном бурда мешуд, гузоришҳо зиддунақизанд.

Шӯрои миллии гузор гуфт, бо суқути Сирт метавон эълон аз озодии комили Либия дод ва то як моҳи дигар ҳукумати ҷадиди кишварро ташкил кард.

ИСТИҚБОЛИ ҶАҲОНӢ АЗ ҚАТЛИ ҚАЗЗОФӢ

Барак Обама
Барак Обама
Раҳбарони ғарбӣ ҳалокати Қаззофиро ҳамчун поёни даврони истибдоду диктатура ва ҷанг дар Либия истиқбол мекунанд. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, ки аз пуштибонони фаъоли оғози дахолати НАТО дар Либия дар моҳи март буд, ҳалокати Қаззофиро як нуқтаи атф дар таърихи Либия номид ва гуфт, “сояи тираи истибдод” рӯфта шуд: “Ин ба маънои поёни як фасли тӯлонӣ ва пурдард барои мардуми Либия аст, ки акнун ҳаққи таъйини сарнавишти худ дар Либияи ҷадиди демократиро доранд.”

Раиси Куммиссиюни Аврупо Жозе Баррозо низ кушта шудани Қаззофиро “поёни даврони истибдод”-е номид, ки “мардуми Либия тайи солиёни мадид заҷрашро кашиданд”.

Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ин рӯзро як рӯзи “гузариши таърихӣ барои Либия” унвон кард. Ва дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмуссен гуфт, бо сар омадани режими Қаззофӣ ин паймони низомӣ ба зудӣ маъмурияташ дар Либияро, ки аз моҳи март ба ин сӯ идома дошт, ба поён хоҳад расонд.

"ЧЕ ГЕВАРА"-И АФРИҚО

Қаззофӣ бо раҳбарони Африқо
Қаззофӣ бо раҳбарони Африқо
Аммо бубинем, ки ҳокими собиқи Либия, ки аз моҳи феврал ба ин сӯ бо саркӯбии бераҳмонаи ҳар навъ эътирозу ошӯб алайҳи режимаш қариб ягон рӯз хориҷ аз сархати ахбори ҷаҳон набуд, кист?

Муаммар Қаззофӣ соли 1942 дар Сирт, ки ҳанӯз як биёбон буд, ба дунё омад. Ҳамагӣ унвони капитанӣ ва 27 сол дошт, ки дар соли 1969 тавассути як кудатои низомӣ ҳукумати олуда ба фасоди малик Идриси маризро суқут дод ва бо касби унвони сарҳангӣ худ ба раёсати Либия нишаст.

Қаззофӣ дар солҳои аввал мехост аз худ намунаи як шоҳи одилу раиятпарварро намоиш диҳад ва ҳатто як дафъа дар нимаи шаб худро дар либоси як зани пиру мариз кард ва сар ба яке аз бемористонҳо зад, ки оё табобаташ мекунанд? Вақте дари бемористонро ба рӯяш пӯшиданд, субҳи дигар тамоми раҳбарони он шифохонаро пеш кард.

Қаззофӣ ба тарҳҳои бузурге, чун сохтани лӯлаи об ба хотири таъмини шаҳрҳои шимоли Либия бо оби ошомиданӣ аз обҳои зеризаминии Саҳрои Кабир ибтикор мекард, гурӯҳҳои инқилобиро таъмини молӣ менамуд, ки ба ин далел як замон ӯро ҳатто “Че Гевара”-и Африқо низ ном мебурданд. Қаззофӣ ҳатто дар солҳои 70 дар роҳи иттиҳоди ҷаҳони Араб пешдаст буд, вале дар ниҳояти кор бо аксари ҳокимони арабӣ қаҳрӣ шуд.

Ба дунбол, ӯ аз ин идея даст шуст ва бо нашри “Китоби сабз”-аш ба сохтани низоме дар Либия оғоз кард, ки бархе “сотсиализми исломӣ” низ унвонаш мекунанд.

"САГИ ДЕВОНАИ ХОВАРИ МИЁНА"

Қаззофӣ ва Башшор Асад
Қаззофӣ ва Башшор Асад
Аммо ин низоми олуда ба фасод ва саркӯбгар фоидаҳои ҳангуфт аз фурӯши нафт - муҳимтарин дороии кишварро натавонист ба таъмини шукуфоии Либия равон кунад, балки дар дасти аъзои хонавода ва ёрони Қаззофӣ қарор дод ва чунон мошини бераҳми таъқиботӣ сохт, ки ҳар фарди норозиро ба зиндон меандохт ё мекушт.

Дар солҳои 80 режими ӯ бо гумони даст доштан дар чанд ҳамлаи террористӣ бадном шуд. Соли 1986 бар асари таркиши бомб дар як шабистон дар Берлини ғарбӣ чандин сарбози Амрико кушта шуд. Раисиҷумҳури вақти Амрико Роналд Рейган дар посух Қаззофиро “саги девонаи Ховари Миёна” номид ва ба бомббори Троблус фармон дод. Дар соли 1988 маъмурони либиягӣ ҳавопаймои ширкати “ПанАм”-ро дар фазои Локкербии Шотландия тарконданд, ки дар натиҷааш 270 мусофир ҷон бохт.

ҚАЗЗОФӢ ДАР ЗОВИЯ

Қаззофии худхоҳ ба дунбол дар сатҳи ҷаҳон раддимаърака шуд ва СММ алайҳи Либия таҳримот ҷорӣ кард. Аммо дар соли 2003, вақте Амрико ва муттаҳидинаш ба ҷанг алайҳи режими Саддом Ҳусейн дар Ироқ иқдом карданд, Қаззофӣ зоҳиран аз оқибати кори худ тарсид, ки аз гарданшахиҳояш каме гузашт ва масъулони таркиши Локкербиро таслим карда, ба хонаводаҳои қурбониёни он фоҷиа 2 миллиарду 700 миллион доллар товон дод. Ӯ ҳамчунин эълон кард, ки аз таъқиби ҳар навъ барномаи сохтани силоҳҳои кимиёӣ довталабона даст мебардорад.

Ҳадафи Қаззофӣ, албатта, аз байн бурдани таҳримоти СММ, беҳбуди равобит бо Ғарб, ҷалби сармоя ба соҳаи нафти Либия ва ҳам ҳифзи қудрат буд, ки то муддате муваффақ ҳам шуд. Таҳримоти зидди Либияро коҳиш доданд ва раҳбарони Ғарб пайиҳам аз Троблус дидан мекарданд ва Қаззофӣ ҳам акнун дар ҳар пойтахти ғарбие ки мехост, хаймаи бадавиашро мезад.

АЗ ИНҚИЛОБО ТО ИНҚИЛОБ

Хаймаи сарҳанг ҳини сафари ӯ ба Фаронса дар чанд соли пеш
Хаймаи сарҳанг ҳини сафари ӯ ба Фаронса дар чанд соли пеш
Қаззофӣ дар зоҳир худро як одами хеле хокӣ ва ба шукӯҳу шаҳомат бефарқ нишон медод, ки як намунааш гӯё ҳамеша дар хайма ба сар бурдани ӯст. Ӯ ҳамин тавр, дар сохторҳои расмии давлати Либия ягон мақоми расмӣ надошт, балки худро фақат “раҳбари инқилоб” мехонд. Номи инқилобро Қаззофӣ ба кудатое дода буд, ки дар 42 соли пеш ӯро ба қудрат расонд. Акнун инқилоб ба рӯйдодҳое мегӯянд, ки дар авоили соли соли ҷорӣ, дар ҳавои инқилобҳои “Баҳори Араб” дар Либия низ оғоз ёфт ва инак, бо қатли раҳбари “инқилоб”-и қаблӣ ба поён расид.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфтааст, чунин оқибати кори Қаззофӣ бояд барои ҳокимони дигари ҷаҳони Араб сабақ шавад, ки даврони “ҳукумат бо чанголҳои оҳанин ногузир ба поён хоҳад омад.”
XS
SM
MD
LG