Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тунис парлумони ҷадидашро интихоб хоҳад кард


Бейҷӣ Саид Сабсӣ
Бейҷӣ Саид Сабсӣ
Сарвазири Тунис аз мардум даъват кард, дар интихоботи рӯзи якшанбе “бидуни кадом тарс” ширкат кунанд. Ин нахустин интихоботест, ки Тунис баъди суқути давлати худкомаи Зайналобиддин Бин Алӣ дар моҳи январ барпо мекунад. Бейҷӣ Саид Сабсӣ дар як паёми телевизионӣ ваъда дод, ки интихоботи рӯзи 23 октябр бидуни тақаллуб ё хушунат доир хоҳад шуд. Тунисиҳо 217 вакили маҷлисро интихоб мекунанд. Ин маҷлис ба дунбол тарҳи нави Қонуни асосиро тасвиб ва раисиҷумҳури ҷадиди Тунисро таъйин хоҳад кард. Бин Алӣ баъди 23 соли раёсаташ дар моҳи январ дар натиҷаи эътирозҳо аз қудрат рафт ва ба Арабистони Саудӣ фирор кард. Баъди ӯ раҳбари Миср Ҳуснӣ Муборак ва инак Муаммар Қаззофӣ дар Либия дар натиҷаи ошӯбу эътирозҳои маъруф ба “Баҳори Араб” барканор шуданд.
XS
SM
MD
LG