Молдова дар талоши навбатӣ барои хатми буҳрони раҳбарӣ интихоботи раёсати ин ҷумҳуриро ба рӯзи 18 ноябр таъйин кард. Президенти Молдова на ба таври мустақим, балки дар парлумон ва дар сурати касби раъйи мувофиқи 61 вакил интихоб мешавад. Аммо эътилофи ҳокими рӯ ба Аврупо ҳамагӣ 59 вакил дошта, 42 курсии дигар дар дасти ҳизби коммунист аст, ки номзадҳои эътилофи ҳокимро пайваста радд мекунад. Молдова аз сентябри соли 2009, аз замони хатми давраи раёсати раҳбари коммунистҳо Владимир Воронин наметавонад ба интихоби раҳбари наваш даст биёбад. Чунин ҳол раванди ислоҳот дар ин фақиртарин кишвари Аврупоро фалаҷ кардааст.