Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти юнониҳо дар Афина идома дорад


Бо омодагии вакилони юнонӣ барои қабули як барномаи дардноки иқтисодӣ, ҳудуди 20 ҳазор тазоҳургаро дар баробари бинои порлумон ҷамъ омадаанд. Қабули ин барнома, як роҳи наҷоти Юнон аз варшикастагии молӣ ва шарти асосии дарёфти 8 миллиард евро кӯмаки молӣ аз Иттиҳодияи Аврупро ва Сандуқи Байналмилалии Пул аст. Рӯзи чаҳоршанбе тақрибан 100 ҳазор нафар алайҳи ин барнома дар шаҳри Афина раҳпаймоӣ карданд, ки ин барнома афзоиши молиёт, коҳиши музди кор ва ихтисори коргаронро дар бар мегирад. Ду рӯз боз аст, дар Юнон коршиканӣ идома дорад, ки хадамоти ҷамъиятӣ аз ҷумла кори нақлиёту фурудгоҳҳо, мактаб ва бонку фурӯшгоҳҳоро ба ҳам зад. Ба гуфтаи мақомот дар бархӯрди дирӯзаи тазоҳургарон бо маъмурони пулис, 50 маъмури пулис захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG