Имрӯз сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гилонӣ дар маросими оғози сохтмони як сарбанди зидду нақиз иштирок кард. Тибқи нақша ин сарбанду нерӯгоҳи обу барқи он бояд дар рафъи ниёзмандиҳои Покистон ба нерӯи барқ саҳм гирад.
Гилонӣ изҳор намуд, ки сарбанди Диамер Бҳаша дар минтақаи Гилгити Балтистон бузургтарин лоиҳа дар таърихи Покистон аст. Радиои Машъал аз қавли мансабдорони Покистон овардааст, ки дар ҳоли такмили лоиҳа нерӯгоҳи он метавонад 4500 мегават нерӯи барқ тавлид кунад ва маҳдудияти ҳамарӯзаи таъмини нерӯи барқ дар Покистонро, ки баъзан ба 12-14 соат дар шабонарӯз мерасад, коҳиш диҳад.
Аммо сокинони маҳаллӣ ба сохтмони сарбанд мухолифанд, зеро ба гуфти онҳо ҳукумат сокинони маҳалҳоеро, ки зери об мемонанд ба ҷои нав накӯчонидаву хасороти онҳоро ҷуброн накардааст.