Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқтисоди Тоҷикистон 7,5 фоиз рушд доштааст


Ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз марзи 20 миллиард сомонӣ убур кардааст, ки назар ба айни давраи соли гузашта 7,5 дарсад бештар аст. Ожонси омор мегӯяд, дар таркиби ин нишондиҳанда 51 дарсадро арзаи хадамот, 35 дарсадро тавлидот ва 13 дарсадро молиёт ташкил медиҳанд. Бино ба пешбинии вазорати иқтисод, маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон то поёни сол бояд ба 30 миллиард сомонӣ баробар шавад.
XS
SM
MD
LG