Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон ба Тоҷикистон меояд


Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон
Хабаргузории “Азия-Плюс” аз номи як манбаи ҳукуматӣ иттилоъ додааст, ки хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико 20 октябр барои боздиди расмӣ вориди ТОҷикистон мешавад. Ин боздид ду рӯз давом мекунад ва дар ин муддат мулоқоти вай бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст. Рӯзҳои 22-23 боздиди вай аз Тошканд идома меёбад ва вай дар он ҷо бо Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG