Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳи Саъудӣ Абдуллоҳро ҷарроҳӣ карданд


Хабаргузории Саъудия мегӯяд, ки шоҳ Абдуллоҳ имрӯз бомуваффақият сутунмӯҳраашро ҷарроҳӣ кард. Тафсилоти бештари ин хабар дар даст нест. Рӯзи якшанбе шоҳ ба касалхона интиқол ёфт. Бовар меравад, ки синни шоҳ Абдуллоҳ аз 80-сола боло буда соли гузашта дар ИМА ду дафъа аз ҷарроҳии марбут ба рафъи гӯшти зиёдатии сутунмӯҳра гузаштааст. Дар сурати бархостани масъалаи ҷойгузини шоҳ Абдуллоҳ гуфта мешавад, ки эҳтимолан шоҳзода Султон меросбари тахт эълон шавад.
XS
SM
MD
LG