Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори Хамис Қаззофӣ расман тасдиқ шуд


Як телевизионии маҳаллии Сурия, ки аз Муаммар Қаззофӣ пуштибонӣ мекунад, хабари кушта шудани писари раҳбари барканоршудаи Либия Хамисро дар даргирие дар ҷануби Триполӣ тасдиқ кард. Телевизиони “Арраъй” мегӯяд, ки дар як даргирии 29 август писари Қаззофӣ Хамис ҳамроҳ бо раҳбари хадамоти ҷосусии Либия Муҳаммад Абдулло Ас-Сенусси кушта шуданд. Хамис фармондеҳи нирӯҳои вижаи низомӣ буд. Дар бораи кушта шуданди ӯ дар ҷараёни даргириҳо ду дафъа гузориш шудааст. Кушта шудани Хамисро яке аз аъзои ҳукумати муваққат расман гузориш дод.
Дар ҳамин ҳол, фармондеҳони ҳукумати Шӯрои миллии гузори Либия мегӯянд, ки нирӯҳои онҳо ба дохили шаҳри биёбонии Бани Валид, воқеъ дар 170-километрии Триполӣ ворид шуданд. Шаҳрҳои Бани Валид ва Сирт пойгоҳҳои охирини Қаззофиву тарафдорони ӯ мебошанд, ки ҳамоно зери контроли раҳбари собиқи Либия қарор доранд.
XS
SM
MD
LG