Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷи нооромиҳо аз ИМА то Аврупо


Cаҳнае аз ошӯбҳо дар пойтахти Италия
Cаҳнае аз ошӯбҳо дар пойтахти Италия

Рӯзи якшанбе 250 нафар дар Лондон барои замони номаълум хайма заданд, то аз ин роҳ хашми худро аз амалкарди давлат нисбат ба бӯҳрони молӣ нишон диҳанд.

Ин гурӯҳ аз ҳаракати “Ишғоли Вол Стрит” дар Амрико илҳом гирифтаанд, ки тарафдорони алайҳи ба истилоҳ “хасисии ширкатҳо” ва нобаробарии иқтисодӣ тазоҳуроти эътирозиро раҳандозӣ карданд.

Тазоҳургарони шаҳри Лондон аввал хостанд, дар баробари Бозори Бурси Лондон ҷамъ оянд, аммо пулис онҳоро нагузошт. Сипас онҳо ба майдони наздики дигар ҳаракат карда ва тақрибан 70 хайма заданд. Баъзеи онҳо гуфтаанд, то замоне ки лозим аст, дар инҷо мемонанд.

Гайлз Фрейзер, яке аз масъулони Калисои Павели муқаддас-маҳалли тазоҳурот мегӯяд: “Ба андешаи ман мардум ҳаққи тазоҳуротро доранд ва ман бисёр хушнудам, ки мардум ин ҳақро доранд. Мардум дар ин ҷо дар маҷмӯъ ором буданд ва ба назар мерасад, ки ҳама чиз орому хуб аст.”

Хабаргузории “Ройтерс” аз қавли як тазоҳургар Ҷейн Макинтайр навиштаст, мардум мехоҳанд бигӯянд, ки дигар кофист, мо демократияи воқеъиро мехоҳем, на демократияеро, ки ба манфиати тоҷирҳои бузург ва низоми бонкӣ асос ёфтааст.

ТАЗОҲУРОТИ ЗАНҶИРАӢ

Тазоҳурот дар Лондон як ҳалқаи занҷири тазоҳуротҳои шабеҳ дар саросари ҷаҳон аст, ки рӯзи шанбе шурӯъ шуд ва бузургтарини он дар шаҳри Рум пойтахти Итолиё сурат гирифт ва ба бархӯрди тазоҳургарон бо маъмурони пулис печид.

Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё гуфт, эҳсоси он тазоҳургаронро, ки аз мушкилоти ҷаҳонии иқтисодӣ нороҳат шудаанд, дарк мекунад. Вилям Ҳейг ба телевизиони Би Би Сӣ гуфт, дуруст аст, ки мушкилоте дар кишварҳои ғарбӣ ҳаст, ба мисли қарзи зиёди давлатҳо ва ҳам иштибоҳоти зиёде, бонкҳо кардаанд. Вале ба гуфтаи ӯ тазоҳурот ин мушкилро ҳал карда наметавонад ва ин кори ҳукуматҳост, ки мизони қарзҳу дефитсити буҷаҳои худро ба эътидол оваранд.

Бисёре аз мардуми оддии Бритониё бовар доранд, ки бо вуҷуди бӯҳроне, ки бонкҳо ба вуҷуд оварданд, мудирони ин бонкҳо пулу имтиёзҳои зиёде мегиранд ва мардум оддӣ бар асари кам шудани имтиёзу музди корашон ва афзоиши молиёту тавварум ранҷ мекашанд.

МАВҶИ НООРОМӢ ДАР САРОСАРИ ҶАҲОН

Чунин дарду аламро мардуми дигар кишварҳо низ доранд, ки рӯзи шанбе тазоҳурот алайҳи нобаробарии иқтисодӣ дар саросари кишварҳои ҷаҳон ва дар 950 шаҳр баргузор шуд. Агарчӣ дар аксарияти шаҳрҳо раҳпаймоиҳо осуда сурат гирифт, аммо дар пойтахти Итолиё шаҳри Рум теъдоде аз тазоҳургарони хашмгин мошинҳоро оташ зада ва шишаи идораҳои баъзе аз бонкҳоро шикастанд.

Дар Испониё ва Португалия низ даҳҳо ҳазор нафар раҳпаймоӣ карданд, вале ҳузури мардум дар онҷо назар ба ончӣ пешбинӣ мешуд камтар буд. Дар Ню-Йорк, маъмурони пулис имрӯз даҳҳо нафарро бо иттиҳоми нақзи муқаррарот дастгир карданд. Дар дигар шаҳрҳои Амрико ва ҳам Канада тазоҳуроти пароканда баргузор шуд.

Дар кишварҳои Осиё низ агарчӣ тазоҳурот баргузор шуд, аммо ба андозае набуд, ки дар Аврупо дида мешавад. Бӯҳрони ахири молӣ дар кишварҳои ҳавзаи евро дар Аврупо, бахусус нотавонии Юнон дар пардохти қарзҳояш ин нигарониҳоро ба вуҷуд овардааст, ки ин бӯҳрон метавонад, дигарбора иқтисоди ҷаҳониро дучори рукуд ва талотумҳои нав кунад.
XS
SM
MD
LG