Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ иттиҳомоти Амрикоро "бемаъно" хонд


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари муаззами Эрон имрӯз гуфт, иддаъои Амрико мабнӣ бар онки ду эронӣ қасд доштаанд, сафири Арабистони Саудӣ дар Вашингтонро бикушанд, “бемаъност”. Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҳузури издиҳоме дар шаҳри Кирмоншоҳ гуфт, ҳадафи ин иттиҳомот “ба унвони мудофеъи терроризм нишон додани Ҷумҳурии Исломӣ аст”, аммо натиҷа нахоҳад дод. Дар ҳамин ҳол ҳукумати Амрико таъкид кард, ки бо мақомоти Эрон дар робита ба қазияи “дасисаи террори” сафири Арабистони Саудӣ дар Вашингтон тамоси мустақим доштааст, агарчӣ давлати Эрон мегӯяд, чунин тамосе сурат нагирифтааст. Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико, рӯзи ҷумъа таъкид кард, ки дидор бо мақомоти эронӣ сурат гирифтааст, аммо нагуфт, дидор бо кӣ ва дар куҷо будааст. Сешанбеи гузашта мақомоти Амрико гуфтанд, тарҳи «дасисаи сӯиқасд» ба ҷони Одил Ал-Ҷубайр, сафири Арабистони Саудӣ дар Вашингтонро ошкор карданд, ки онро маъмурони амниятии Эрон тарҳрезӣ кардаанд. Эрон мегӯяд, ин як қазияи сохта аст.
XS
SM
MD
LG