Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Словакия дар андешаи қабули барномаи муҳими Аврупо

Иттиҳодияи Аврупо имрӯз аз давлати Словакия хост, ҳарчӣ зудтар барномаи афзоиши ҳаҷми Хазинаи кӯмакҳои молӣ ба кишварҳои дармондаи иттиҳодияро тасвиб кунад, ки барои муқобила бо бӯҳрони қарзӣ дар ҳавзаи евро бисёр муҳим аст. Ҳерман ван Ромпуӣ, раиси иттиҳодия ва Хосе Мануэл Барросо, раиси Кумиссиёни Аврупо дар баёнияи муштараке гуфтанд, “афзоиши хазинаи чаҳорсаду чиҳил миллиард евроӣ” ба нафъи мардуми тамоми кишварҳои ҳавзаи евро ва мардуми Словакия аст. Даъвати раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоле садо дод, ки аҳзоби ҳукумати эътилофии Словакия музокирот барои қабули ин барномаро шурӯъ кардаанд. Вакилони Словакия дирӯз мухолифи тавсиаи Хазинаи кӯмаки молии Аврупо раъй доданд ва қарор аст, то рӯзи панҷшанбе раъйгирии нав баргузор кунанд. Раъйгирии бенатиҷа дирӯз сабаби аз ҳам пошидани ҳукумати эътилофии Словакия шуд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Ҷомеаи ҷаҳонӣ қазияи атрофи варзишгари беларусиро маҳкум кард

Варзишари беларусӣ Кристина Тимановская ба сафорати Полша дар Ҷопон ворид мешавад. 2-юми августи соли 2021

Талоши бо зӯр ва пеш аз мӯҳлат аз Олимпиадаи Токио ба ватан баргардонидани давандаи беларусӣ Кристина Тимановская ҳамчун як намунаи дигари саркӯби режими Александр Лукашенко интиқод шуд. Набила Массрали, сухангӯи Жозеп Боррелл, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, ин ҳодиса намунаи дигари он аст, ки чӣ гуна режими Лукашенка “тамоми бахшҳои ҷомеаи Беларус, аз ҷумла варзишгаронро осеб расонида, оташбаси олимпиро эҳтиром намекунад”. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, ҳукумати Лукашенка бо талоши ба бозгашт маҷбур кардани Тимановская, ки “танҳо аз озодии баён истифода кард”, ба “як амали дигари саркӯби фаромиллӣ” роҳ дод. Блинкен дар изҳороташ дар Твиттер навишт, ингуна амалҳо “рӯҳияи Олимпиро нақз мекунанд, чун ҳуқуқҳои бунёдиро таҳқир мекунанд ва ба ин хотир набояд таҳаммул шаванд”.

Тимановскаяи 24-сола баъди он ки бо кӯмаки полиси Ҷопон ва ҷомеаи байналмилалӣ аз маҷбуран ба Беларус фиристода шуданаш пешгирӣ кард, дар сафорати Полша дида шуд. Павел Яблонски, муовини вазири умури хориҷии Полша тасдиқ кард, ки кишвараш ба Тимановская визаи гуманитарӣ дод ва дар нишасти хабарии 3-ми август вазири хориҷаи Ҷопон Тошимитсу Мотеги гуфт, ки ин варзишгар “дар ҳолати амн” қарор дорад.

Посухи дигари Вазорати молия дар бораи маблағҳои ҷамъшуда барои зарардидагони муноқишаи марзӣ

Бинои Вазорати молияи Тоҷикистон.

Вазорати молияи Тоҷикистон ба интиқоди корбарони "Фейсбук" дар бораи суратҳисоби зарардидагони муноқишаи марзӣ вокуниш кард. Як рӯз пеш Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молия зимни нишасти хабарӣ гуфт, ба суратҳисоби зарардидагони муноқишаи марзӣ "маблағ ворид нашудааст".

Ба дунболи ин гуфтаи муовини вазир, Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва масъули гуруҳи фейсбукии "Ахбор барои афкор" расид ё чекеро нашр кард ва гуфт, аз ҳисоби хайрияи мардум ба суратҳисоби бозкардаи Вазорати молия 10 ҳазор сомонӣ гузарондааст. Раҷаби Мирзо ва ҳамин даҳҳо корбари "Фейсбук" пурсиданд, ки 10 ҳазор сомонӣ куҷо шуд, вақте муовини аввали вазир мегӯяд, ба суратҳисоб маблағ ворид нашудааст.

Дафтари матбуоти Вазорати молия шоми 2-юми август бо нашри баёнияе гуфт, манзури муовини якуми вазир дар хусуси воридоти маблағҳо ба суратҳисоб барои расонидани кумак ба осебдидагони муноқишаи марзӣ, "ин буд, ки аз ҷониби ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявӣ то имрӯз ба ин суратҳисоб маблағ ворид нагардидааст".

Дар хабари Вазорат омадааст, аз ҷониби шаҳрвандони кишвар то имрӯз ба ин суратҳисоб беш аз 206 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки "аз рӯи таъинот истифода карда мешавад".

Изҳороти Вазорати молия дар ҳолест, ки хабарнигорон зимни нишасти хабарӣ аз масъулин дар бораи чӣ қадар ворид шудани маблағ ба суратҳисоби зарардидагони муноқишаи марзӣ пурсида буданд.

Ин суратҳисобро се моҳ пеш, замоне кушоданд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ мустақилона ба ҷамъоварии ёрӣ дасту остин барзада буд. Мақомот аз сокинон хостанд, хайрияи худро на ба гуруҳҳои алоҳида, балки ба суратҳисоби махсус гузаронанд. Иддае кумакҳои худро пас гирифтанд, вале баъзе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, ба суратҳисоби вазорат низ маблағ гузаронданд.

OCCRP ба рӯйхати ҷосусии "Пегас" се мансабдори дигари қазоқро шомил кард

Ба рӯйхати шаҳрвандони Қазоқистон, ки эҳтимол меравад, ҳадафи барномаи исроилии ҷосусии "Pegasus" (Пегас) қарор гирифтаанд, се нафари дигар илова шуд.

Онҳо шахсоне ҳастанд, ки дар гузашта ё дар ҳоли ҳозир дар мансабҳои баланди давлатӣ ифои вазифа мекунанд. Ба иттилои Маркази пажуҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP), эҳтимолан афроди зерин ҳадафи барномаи ҷосусии мазкур қарор гирифтаанд:

Владимир Божко - собиқ узви маҷлис, раиси пешини кумитаи амнияти миллӣ ва дар гузашта вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон;

Сауат Минбоев - раиси пешини корхонаи "Роҳи оҳани Қазоқистон", собиқ раиси дастгоҳи президент дар гузашта вазири кишоварзӣ, вазири энергетика ва вазири саноату савдои Қазоқистон;

Асет Исекешев, котиби Шӯрои амният, дар гузашта муовини сарвазир, шаҳрдори пойтахт ва вазири саноату технологияҳои нави Қазоқистон;

Тавре OCCRP мегӯяд , телефони ҳамроҳи ин мансабдорони қазоқ соли 2018 рахна шудааст. Он замон Божо муовини сарвазири Қазоқистон буда, Исекешев аз вазифаи шаҳрдори пойтахт барканор ва раиси дастгоҳи президент таъйин шуд. Минбоев, ки "миллиардери махфӣ" номида мешуд, соли 2018 раиси "Роҳи оҳани Қазоқистон" таъйин, вале худи ҳамон сол бо сабаби "захми ҷиддӣ бардоштани сутунмуҳрааш дар шароити номаълум" аз мақом барканор гашт.

Дар ибтидо ба ин руйхат аз Қазоқистон 5 кас - ду рӯзноманигор ва се фаъоли иҷтимоӣ шомил буд. Дар миёни онҳо президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, сарвазири он кишвар Аскар Мамин ва ҳокими шаҳри Алмато Бакитҷон Сагинтаев ҳам ҳастанд.

Ба ҷуз аз Қазоқистон, ба иттилои пажуҳишгарон, барномаи Pegasus-и ширкати NSO Group-ро мақомоти Озарбойҷон, Маҷористон, Мексика, Баҳрайн, Ҳинд, Индонезия, Марокаш, Руанда, Ҷумҳурии Конго, Арабистони Саудӣ - дар маҷмуъ наздики 50 давлат истифода кардаанд.

Барномаи Pegasus имкон дорад, тавассути паёмакҳои одӣ вориди телефон шуда, маълумотро рабояд ва муколамаҳоро хонад.

Додгоҳи Андиҷон занони норозиро барои бастани роҳ то 15 рӯз ҳабс кард

Эътирози занон дар Андиҷон.

Додгоҳи шаҳри Андиҷони Узбекистон 2 август ҳукми 17 сокини маҳаллиеро содир кард, ки рӯзи шанбеи гузашта ба нишони эътироз хиёбонеро дар маркази шаҳр бастанд.

Ин сокинони Андиҷон, ки иборат аз 15 зан ва 2 мард буданд, дар "майдаавбошӣ", "иҷро накардан талаби қонунии кормандони ҳифзи ҳуқуқ" ва "нақзи ташкили ҷамъомадҳои осоишта" айбдор эълом гаштанд.

Додгоҳ 11 нафари онҳоро аз 8 то 15-шабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ ва боқиро ҳудуди 160-долларӣ ҷарима кардааст.

Блогерони Узбекистон ахиран хабар доданд, ки як гуруҳ аз занони норозӣ 31 июл баъди роҳ наёфтан ба қабули раиси вилояти Андиҷон Шуҳрат Абдураҳмонов, ки моҳе як бор сурат мегирад, роҳро бастаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад эътирозгарон дар байни роҳ рост истода, ба ҳаракати мошинҳо монеъ мешаванд.

Ба огаҳии пулиси Андиҷон, занон бо вуҷуди он ки гуфта шуд, расмиёти роҳ ёфтан ба қабули раиси вилоят тағйир ва тавассути расонаҳо эълом гаштааст, исрор мекарданд, ки Абдураҳмонов бо онҳо мулоқот кунад.

Вақтҳои ахир дар Узбекистон баста шудани роҳҳо аз сӯи сокинони норозӣ бештар ба назар мерасад. Сокинон мегӯянд, бо ин амал мехоҳанд таваҷҷуҳи масъулинро ба мушкилоти худ ҷалб кунанд.

Пештар низ дар шаҳри Бухоро гуруҳе аз занон бо талаби дарёфти қарзи боимтиёз як роҳро баста буданд. Мақомот ба ҷои додани қарз ҳамаи онҳоро ҷарима бастанд.

Никол Пашинян сарвазири Арманистон таъйин шуд

Никол Пашинян.

Президенти Арманистон бо имзои фармоне Никол Пашинянро сарвазири он кишвар таъйин кард. Номзадии ӯро ба ин мақом Ҳизби "Созиши шаҳрвандӣ"-и Арманистон дар нахустин ҷаласаи порлумони нав пешбарӣ карда буд.

Ҳоло акнун Пашинян бояд дар давоми 15 шабонарӯз девони вазирони Арманистонро ташкил кунад. Руйхати номзадҳои пешниҳодиро вакилони порлумони Арманистон тасдиқ хоҳанд кард. Расонаҳо менависанд, ки ба эҳтимоли зиёд, порлумони нав номзадҳои Пашинянро бидуни мушкил қабул хоҳад кард, зеро аксари курсии он дар ихтиёри ҳизби ӯст.

Намояндагони мухолиф дар ин ҷаласа дар тан либосҳоеро ба бар карда буданд, ки акси мухолифони боздоштшуда бо гумони суистифода аз мақомро доштанд. Мухолифони ҳизби ҳоким афроди боздоштшударо маҳбусони сиёсӣ меноманд.

Ҳизби "Созиши шаҳрвандӣ"-и Никол Пашинян дар интихоботи порлумонии 20 июни соли равон бо касби 53,92 дарсади раъйи мурдум пирӯз шуд. Эътилофи "Арманистон"-и президенти пешини он кишвар Роберт Кочарян, ки 21 дарсади раъй ба даст овард, гуфт, натиҷаҳои интихоботро намепазирад.

Аскар Оқоев: "Ман барои посух додан ба саволҳои тафтишот омадам". ВИДЕО

2 августи соли 2021. Аскар Оқоев баъди берун шудан аз КДАМ-и Қирғизистон ба саволҳои журналистон посух дод

Аскар Оқоев, собиқ президенти Қирғизистон, ки ба таври ғайримунтазира 2 август аз Маскав ба Бишкек парвоз кард, худи ҳамон рӯз аз рӯи парвандаи кони Қумтор ба саволҳои журналистон посух дод. Оқоеви 76-сола, ки 16 соли охир, баъди тарки мақоми президентӣ ва фирор аз инқилоби лолаии Қирғизистон дар Русия зиндагӣ мекард, бо вуҷуди ҷустуҷӯву талаби мақомот ба истирдодаш, ҳеҷ гоҳ ба ватан барнагашта буд.

Рӯзи 2 август, дар шарҳи ҳузураш дар Бишкек ба хабарнигорон дар назди дари КДАМ гуфт, ҳадафи ӯ посух додан ба саволҳои тафтишот аз рӯи парвандаи марбут ба кони Қумтор аст. Ӯ гуфт, ки ҳақи ифшои ҷузъиёти ин парвандаро надорад, вале аз мақомоти кунунии Қирғизистон изҳори сипос кард, ки барояш шароити мусоид фароҳам оварданд.

Ишораи ӯ эҳтимолан ба ин аст, ки дар ҷараёни тафтишот дар озодӣ боқӣ мемонад ва боздошт намешавад. Оқоев инчунин гуфт, ки худи ҳамин рӯз бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфтугӯ кард.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки президенти собиқи ин кишвар Аскар Оқоевро аз Маскав ба Бишкек оварданд ва ҳоло дар ихтиёри гуруҳи тафтишотӣ аст.

Масъулони ин ниҳод рӯзи 2-юми август дар изҳороте гуфтанд, Оқоеви 76-cола бар асоси парвандаи фасод дар тарҳи “Қумтор” таҳти ҷустуҷӯ буд.

Оқоев аз соли 1990 то 2005 президенти Қирғизистон буд. Бо сар задани инқилоби лолаӣ ӯ ва аъзои оилааш дар Русия сарпаноҳ ёфтанд ва худи ӯ ҳеч гоҳ ба Қирғизистон нарафта буд.

Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон, рӯзи 8-уми июл гуфт, президентони собиқ – Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев – дар чаҳорчӯби парвандаи марбут ба тарҳи “Қумтор” дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Ҳукумати Қирғизистон гуфтааст, дар додгоҳи байналмилалӣ дар мавриди ин қазия собит хоҳад кард, ки ширкати канадаии Centerra Gold Inc. ба раҳбарони собиқи кишвар ришва додааст.

Назари худи Оқоев нашр намешавад. Додситони кулли Қирғизистон соли 2019 гуфта буд, ки дар сурати ба кишвар баргаштанаш, ӯ бозпурсӣ хоҳад шуд.

Блогери тоҷик дар Маскав зиндонӣ шуд; шариконаш аз Русия "ҳукми шартӣ гирифтанд"

Кароматулло Ҷабборов дар Додгоҳи Пресненскии Маскав, 2-юми августи 2021

Додгоҳе дар пойтахти Русия блогери тоҷик ва ширкаткунанда дар саҳнаи шӯхиомези коронавирус дар метрои Маскав - Кароматулло Ҷабборовро ба ду солу чаҳор моҳ зиндон маҳкум кардааст.

Роман Шахманов, вакили мудофеи ӯ, рӯзи 2-юми август ба хабаргузории ТАСС гуфт, Ҷабборов гуноҳро пурра ба дӯш гирифт ва "бо назардошти муҳлате, ки дар боздоштгоҳ (СИЗО) буд, мумкин аст, то охири моҳи август озод шавад."

Вале ба қавли ӯ, "ин кор дар ҳоле имконпазир аст, ки агар додситон ё маъмурияти метро аз рӯйи ҳукм шикоят накунанд. Мо дар навбати худ ҳеч шикоят нахоҳем кард."

Пештар додситон барои Кароматулло Ҷабборов чаҳор сол зиндон талаб карда буд.

Роман Шахманов ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, шарикони блогери тоҷик, Артур Исаченко ва Станислав Мелехов (шаҳрвандони Русия) ҳукми шартӣ гирифтанд. Пештар додситон барояшон 3-солии зиндон хоста буд.

Онҳо ҳангоми тафтиши парванда низ бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ буданд.

Кароматулло Ҷабборовро рӯзи 8-уми феврали соли 2020, дар пайи ташкили саҳнаи шӯхиомез ва сабти "пранк" дар вагони метрои Маскав, дастгир карданд.

Дар ин саҳна ҷавоне аз ҳуш меравад ва ҳамроҳонаш фарёд мезананд, ки ӯ ба вируси хатарноке гирифтор аст. Ин ҳолат дар байни мардум воҳима андохтааст. Сабти лаҳзаро дар Интернет гузошта буданд.

Вазири молия гуфт, Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди Роғун "омӯзиши махсус мегузаронад"

Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"

Вазири молияи Тоҷикистон хабар дод, ки Бонки Ҷаҳонӣ барои сармоягузорӣ дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” як омӯзиши вижа мегузаронад.

Масъулони Бонки Ҷаҳонӣ дар ин маврид шарҳе надодаанд. Ба қавли вазири молия, Тоҷикистон бо маблағҳои буҷа наметавонад “Роғун”-ро бисозад ва аз ин рӯ дар талоши пайдо кардани сармоя аст.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, рӯзи 2-юми август зимни нишасти хабарӣ дар бораи омӯзиши махсуси Бонки Ҷаҳонӣ барои маблағгузории “Роғун” шарҳи зиёд надод. Ӯ танҳо гуфт, то моҳи сентябр як нишаст бо ҳузури намояндагони созмонҳои молиявӣ баргузор ва “қадамҳои баъдӣ дар робита ба “Роғун” мушаххастар мешавад.”

Вазири молия дар ҳузури хабарнигорон аз он гуфт, ки “нигоҳи тамоми созмонҳои молии ҷаҳонӣ ба ин иншоот (Роғун) комилан дигар шудааст.” Аммо мушаххас аз ягон созмони молии ҷаҳонӣ ном набурд.

Ҳукумати Тоҷикистон нерӯгоҳи “Роғун”-ро ҳаёту мамоти кишвар мехонад ва то имрӯз ду чархаи онро фаъол кардааст. Сохтмони нерӯгоҳ дар дарёи Вахш ҳанӯз замони Шӯравӣ оғоз ёфта буд. Вале бо далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон натавонист, онро пурра кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шуруъ кард.

Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла вазири молия борҳо гуфтаанд, кишвар ба танҳоӣ наметавонад сохтмони “Роғун”-ро ба анҷом расонад, чун барои бунёди чунин иншоот пули зиёде зарур аст. То ин вақт ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷа, фурӯши саҳмияҳо ба мардум ва евробондҳо ба сохтмони “Роғун” идома медиҳад.

Вазири молия мегӯяд, солона аз буҷаи кишвар ҳудуди 2,2 миллиард сомонӣ барои сохтмони “Роғун” ҷудо мешавад.

Норӯшаниҳо дар бораи идомаи маблағгузории “Роғун” ба кори иншоот бетаъсир намондааст. Ду соли гузашта чандин корманди нерӯгоҳ аз моҳҳо дарёфт накардани маош шикоят карданд.

Аз ҷумла, кормандони ширкати бинокории "Асри нур" моҳи апрел гуфтанд, 8 моҳ маош нагирифтанд. Дар пайи шикояти кормандонаш ширкат аз иҷозаи кор дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" маҳрум шуд. Ҳарчанд вазири молия рӯзи 2-юми август гуфт, дар маблағгузории “Роғун” мушкил ҷой надорад.

Ғанӣ далели ноамниҳои ахирро ба қарори "ногаҳонӣ"-и амрикоиҳо рабт дод

Ашраф Ғанӣ дар ҷаласаи ҳарду палатаи порлумони Афғонистон. Кобул, 2-юми августи 2021

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ рӯзи 2-юми август ноамниҳои ахирро дар саросари ин кишвар ба қарори "ногаҳонӣ"-и Иёлоти Муттаҳида дар мавриди берун бурдани нирӯҳо рабт дод.

Ин дар ҳолест, рӯзҳои гузашта сарбозони артиши Афғонистон бо ҷангҷӯёни Толибон дар вилоятҳои ҷанубӣ ва шаҳрҳои кишвар ҷангҳои шадиде доштанд.

Чанд соат баъди ин ки мақомот дар бораи истиқрори садҳо нирӯ дар шаҳри Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд, хабар доданд, Толибон ба амалиёти ҳамоҳангшуда пардохтанд.

Ҷанги Толибон дар Қандаҳору Ҳирот, ки дар ҷануб ва ғарб ҷойгиранд, низ идома ёфт. Дар натиҷа, ҳазорҳо сокини мулкӣ маҳалли зисти худро тарк карданд.

Ғанӣ, ки 2-юми август дар ҷаласаи ҳарду палатаи порлумони Афғонистон суханронӣ мекард, гуфт, "далелаш ин аст, ки қарори онҳо ногаҳонӣ гирифта шуд."

Ӯ берун рафтани, ба гуфтааш, ногаҳонии нирӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистонро сабаби якбора бад шудани вазъи амниятии Афғонистон номид ва Вашингтонро аз "пайомадҳо"-и ин қарор ҳушдор дод. Айни замон, ӯ гуфт, ҳукумат нақша дорад, ки дар шаш моҳ вазъиятро зери назорат гирад ва Иёлоти Муттаҳида аз ин нақша пуштибонӣ мекунад.

Тимановская ба сафорати Лаҳистон (Полша) ворид шуд

Кристина Тимановская

Варзишгари беларусӣ, Кристина Тимановская, ки бо қарори мақомоти Беларус ба бозиҳои олимпӣ роҳ дода нашуд ва тавонист, аз маҷбурӣ бурда шуданаш ба Минск пешгирӣ кунад, рӯзи 2-юми август вориди бинои сафорати Лаҳистон (Полша) шуд. Ӯ шабро дар фурудгоҳи Токио саҳар кард.

Варзишгари 24-сола гуфт, ният дорад, аз мақомоти Полша паноҳандагии сиёсӣ дархост кунад, чун ҳарос дорад, ки дар ватанаш ҳабс мешавад.

Дар миёни созмонҳое, ки ба кӯмаки варзишгари беларусӣ омода шуданд, Комиссариати олии Созмони Милал дар мавриди паноҳандагон ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Украина, ҳамсари ӯ Арсений Жданевич ба Украина расидааст. Барои ёрӣ ба Тимановская ба камияш се кишвар -- Фаронса, Полша ва Ҷумҳурии Чех пешниҳод додаанд.

Худи ӯ чанде пеш дар як муроҷиати видеоӣ гуфт, намехоҳад ба Беларус баргардад ва аз Кумитаи байналмилалии олимпӣ дархост кард, ба қазияаш дахолат кунад. Варзишгари беларусӣ гуфт, зери фишори мақомоти кишвараш аст ва онҳо мехостанд, маҷбурӣ ӯро ба Минск баранд.

Қарор буд, Тимановская 2-юми август дар мусобиқаи дави 200-метрӣ иштирок кунад, вале, ба гуфтааш, намояндагони мунтахаби олимпии Беларус рӯзи якшанбе ӯро бо зӯр ба фурудгоҳ бурданд. Бунёди ҳамраъйии варзишии Беларус дар як муроҷиат ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ хост, ба ин варзишгар кумак кунанд.

Худи Тимановская мегӯяд, қарори ба ватан баргардонидани ӯ аз як навиштааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарчашма мегирад, ки дар он рафтори мақомдоронро танқид карда, гуфтааст, бо гуноҳи онҳо шумори зарурии иштирокдорони дави эстафета ҷамъ нашуданд.

Сафири Тоҷикистонро дар Русия иваз карданд

Имомуддин Сатторӣ ва Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода

Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия, ки ҳамзамон намояндаи расмии кишвар дар Арманистон буд, рӯзи дувуми август аз мақом озод карда шуд. Дар фармони раиси ҷумҳурӣ сабаби тасмимро нагуфтаанд.

Сатторӣ баҳори соли 2014 ба ин мансаб таъин шуда буд. Аз он пештар сафири Тоҷикистон дар Олмон буд.

Хадамоти матбуоти президент мегӯяд, ба ҷойи ӯ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзодаро намояндаи Тоҷикистон дар Русия таъин карданд. Гулмаҳмадзода то кунун дар мансаби муовини нахуствазир кор мекард. Пештар раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва аз он қабл раиси вилояти Хатлон буд. 60-сола аст.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав яке аз намояндагиҳои расмии кишвар дар хориҷа дониста мешавад. Ба ҳисобҳои гуногун дар Русия аз ним то як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва пулҳои фиристодаи онҳо бахши муҳими иқтисоди хонаводаҳост.

Номи сафорат ҳам пайваста дар масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи муҳоҷирон, боздошту раҳоии онҳо, кумак ба дармондагон, дарёфти санадҳои расмӣ ва солҳои охир вобаста ба парвози ҳавопаймоҳову билети сафар бештар расонаӣ мешавад.

Баъзе аз муҳоҷирон ва ҳомиёни ҳуқуқи онҳо ҳамвора аз тарзи кори сафорат ва бархурдаш бо мушкили муҳоҷирон танқид мекунанд. Аммо дар намояндагии расмӣ ҳамеша гуфтаанд, ки дар фикри муҳоҷирон ҳастанд ва ҳеч дархости онҳоро бепосух нагузоштаанд.

Рӯзи 2-юми август дар чанд намояндагии дигари Тоҷикистон дар хориҷа тағйирот сурат гирифтааст. Бино бар он, Файзулло Холбобоевро аз мансаби сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Молдова барканор карданд. Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Украина ҳамзамон масъулияти намояндаи расмии кишвар дар Молдоваро бар уҳда дорад.

Хусрав Нозирӣ, ки то ин дам муовини вазири корҳои хориҷӣ буд, акнун дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ таъин шуд.

Аскар Оқоев, президенти пешини Қирғизистонро баъд аз солҳо фирор аз Русия "овардаанд"

Аскар Оқоев. Акс аз бойгонӣ

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки президенти собиқи ин кишвар Аскар Оқоевро аз Маскав ба Бишкек оварданд ва ҳоло дар ихтиёри гуруҳи тафтишотӣ аст.

Масъулони ин ниҳод рӯзи 2-юми август дар изҳороте гуфтанд, Оқоеви 76-cола бар асоси парвандаи фасод дар тарҳи “Қумтор” таҳти ҷустуҷӯ буд.

Дар изҳорот гуфта шудааст, "дар натиҷаи чораҳои андешидаи КДАМ президенти пешин, Аскар Оқоев, ба Бишкек оварда шуд ва ҳамон замон ба ихтиёри гурӯҳи тафтишотӣ гузашт. Ҳоло ӯ дар бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аст. Бо иштироки ӯ корҳои тафтишотӣ баргузор мешавад".

Оқоев аз соли 1990 то 2005 президенти Қирғизистон буд. Бо сар задани инқилоби лолаӣ ӯ ва аъзои оилааш дар Русия сарпаноҳ ёфтанд ва худи ӯ ҳеч гоҳ ба Қирғизистон нарафта буд.

Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон, рӯзи 8-уми июл гуфт, президентони собиқ – Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев – дар чаҳорчӯби парвандаи марбут ба тарҳи “Қумтор” дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Ҳукумати Қирғизистон гуфтааст, дар додгоҳи байналмилалӣ дар мавриди ин қазия собит хоҳад кард, ки ширкати канадаии Centerra Gold Inc. ба раҳбарони собиқи кишвар ришва додааст.

Назари худи Оқоев нашр намешавад. Додситони кулли Қирғизистон соли 2019 гуфта буд, ки дар сурати ба кишвар баргаштанаш, ӯ бозпурсӣ хоҳад шуд.

Эҳтимоли бозгашти Аскар Оқоев ба Қирғизистон баъди 16 соли фирор ба Русия

18 августи соли 2016. Аскар Оқоев дар Маскав дар як конфронси бахшида ба 25-солагии талоши таладдулоти давлатӣ иштирок мекунад

Матбуоти маҳаллии Қирғизистон хабар дод, ки президенти нахустини Қирғизистон Аскар Оқоев рӯзи 2 август ба Қирғизистон бармегардад. Ин маълумотро ба Бахши қирғизии Радиои Озодӣ ҳам манобеи дохилӣ тасдиқ карданд. Оқоев солҳои 1990 то 2005 президенти Қирғизистон буд ва баъди инқилоби моҳи март ӯ ва аъзои оилааш дар Русия паноҳ ёфтанд. Чанде пеш раҳбари КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфт, ки президентони собиқ Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев дар чаҳорчӯби парвандаи марбут ба тарҳи “Қумтор” ва фасоди молии марбут ба ин қазия дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Ҳукумати Қирғизистон гуфтааст, ки президентҳои пешина Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев вобаста ба парвандаи Қумтор ва порагирӣ ҷустуҷӯ карда мешаванд. Ҳукумати Қирғизистон эълом дошт дар додгоҳи байналмилалӣ исбот хоҳад кард, ки ширкати канадагии Centerra Gold Inc. ба рохбарони собики кишвар пора додааст.

Сабабҳои ба кишвар баргаштани Оқоеви 76-сола ва он ҳам дар ҳоле ки ӯро хатари зиндонӣ шудани дарозмуддат таҳдид мекунад, маълум нест, ҳамонгуна ки номаълум аст оё ӯ бо хоҳиши худ бармегардад ё на. Назари худи Оқоев ба ин хабар нашр намешавад. Соли 2019 додситони кулли Қирғизистон гуфта буд, ки агар Оқоев ба кишвар баргарадад, бино бар айбномаи нисбаташ эълоншуда, мавриди бозпурсӣ қарор хоҳад гирифт.

ИМА ва Бритониё ҳам Эронро барои ҳодиса дар баҳр гунаҳгор карданд

Киштии Mercer Street моли Ҷопон буда, дар обҳои баҳри Араб таҳти парчами Либерия ҳаракат мекард. Ширкати оператор ё мудири он Zodiac Maritime-и исроилӣ будааст. Акси киштӣ аз соли 2015

ИМА ва Бритониё аз иттиҳомоти Исроил пуштибонӣ карда, гуфтанд, ки дар пушти ҳамлаи ҳафтаи гузашта ба як нафткаши исроилӣ дар соҳилҳои Уммон, ки дар натиҷа ду нафарро кушта бар ҷой гузошт, Эрон истодааст. Дар ҳодисаи ҳамла ба як нафткаши ҷопонии Mercer Street, ки таҳти парчами Либериа шино мекарду мудирияташро ширкати исроилӣ анҷом медод, ду нафар - як бритониёӣ ва як руминӣ ҷон доданд. Ин нахустин ҳодисаи ҳамлаи маргбор ба як киштии тиҷоратӣ дар ин обҳои баҳри Араб буда, раҳбарони минтақавӣ онро ба бадтар шудани робитаҳо бо Эрон дар солҳои охир рабт доданд.

Доминиик Рааб, вазири корҳои хориҷии Бритониё дар изҳороте гуфт, “мо бовар дорем, ки ин як ҳамлаи махсус ва ҳадафмандона буд ва он нақзи ошкорои қонунҳои байналмилалӣ аз ҷониби Эрон мебошад”. Ӯ гуфт, ки Бритониёву муттафиқонаш дар андешаи пиёда кардани тадбирҳои ҳамоҳангшуда дар посух ба ин ҳамла мебошанд. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар изҳороти баъди ин гуфт, “ҳеҷ чизе ин ҳамларо сафед карда наметавонад”.

Дар Теҳрон сухангӯи вазорати хориҷа Саид Хатибзода иттиҳомоти ғарбиҳоро “бепоя” номид.

Мақоми аврупоӣ мавзӯи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Литваро баррасӣ мекунад

Муҳоҷироне, ки ба марзи Литва гузаштаанд, аксар аз Ироқ мебошанд. Онҳое, ки боздошт шуданд, дар марз нигаҳдорӣ мешаванд

Як мақоми баландпояи Иттиҳоди Аврупо ба Литва меравад, то бо мақомоти ин кишвар масъалаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз хоки Беларус ба Аврупоро баррасӣ кунад. Мақомоти Литва гуфтанд, моҳҳои охир омори шахсоне, ки аз Беларус ба Литва ба таври ғайриқонунӣ ворид мешаванд, якбора афзоиш ёфтааст ва аврупоиҳо ин вазъиятро ҳамчун қассосгирии Минск аз Аврупо барои таҳрими режими саркӯбгари Александр Лукашенко арзёбӣ мекунанд. Литва инчунин қароргоҳи Светлана Тихановская шуд, ки баъди натиҷаҳои баҳсбарангези интихоботи президентии Беларус дар ин кишвар мустақар ва раҳбарии ҳаракатҳои мухолифони кишварашро ба ӯҳда гирифт.

Дар изҳороти Брюссел гуфт мешавад, ки комиссионери аврупоӣ оид ба умури дохилӣ Илва Йоҳанссон дар Вилнюс бо нахуствазири Литва Ингрида Симоните дидору гуфтугӯ мекунад. Баъди ин Йоҳанссон бо ҳамроҳии вазири дохилӣ Агне Билотайте ба гузаргоҳи марзии Падварионис мераванд.

Ҳафтаи гузашта танҳо дар давоми як рӯз ҳудудан 200 нафар аз сарҳад убур карданд ва шумори умумии муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Литва ба 3500 нафар баробар шуд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта муҳоҷирони ғайриқонунӣ танҳо 81 нафарро ташкил додаанд. Аксари онҳо дархости паноҳандагӣ доданд.

Литва, як кишвари назди Балтика, бо Беларус 680 км марзи муштарак дорад ва мақомоти Минскро дар он муттаҳам кард, ки махсус барои убури марз аз ҷониби муҳоҷирони ғайриқонунӣ шароит фароҳам мекунад.

Кормандони Бонки миллӣ дар Хуҷанд ба кори фосилавӣ гузаштанд

Зебо Сираева, муовини раҳбари намояндагии Бонки миллӣ дар Хуҷанд

Намояндагии Бонки миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд даҳҳо корманди худро ба кори фосилавӣ гузаронд. Ин тасмим бо ҳадафи пешгирӣ аз гирифтории кормандон ба бемории COVID-19 рӯйи даст гирифта шудааст. Зебо Сираева, муовини мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар Хуҷанд, рӯзи 2-юми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир 325 корманди бонкҳо ба таври фосилавӣ, яъне дар хонаҳои худ, кор мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар шаш моҳи аввали имсол 40 корманди бонкҳои вилоят ба бемории коронавируси нав гирифтор шуданд ва яке аз онҳо аз ин беморӣ фавтид. Ӯ аз корманди фавтидаи бонк ном набурд, вале афзуд, ки ба хотири ҳифзи саломатии кормандон кори фосилавиро ба роҳ монданд.

Дар робита ба қатли як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия парванда кушодаанд

Шаҳри Новозибкови вилояти Брянски Русия

Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Брянск нисбат ба чаҳор сокини Доғистон бо гумони қатли як зодаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ кушод. Тафтишот маълум кардааст, ки ин ҳодиса натиҷаи интиқомгирӣ аст.

Ба иттилои расмӣ, шаҳрванди Тоҷикистон соли 2019 дар яке аз клубҳои шабонаи Русия дар пайи як ҷанҷол ҷавони 21-солаи доғистониро куштааст. Муҳоҷири тоҷик таҳти пайгард эълон шуда буд.

Моҳи июни имсол падари ҷавони кушташуда бо як гурӯҳ маслиҳат карда, ба онҳо барои ба қатл расонидани шаҳрванди Тоҷикистон пул додааст. Ин афрод муҳоҷири тоҷикро аз манзилаш рабуда, дар ҷангал куштаву ба чуқурие партофтаанд. Гумонбарон боздошт шудаву тафтиши ҳодиса идома дорад.

Ҷузъиёти ҷиноят, аз ҷумла номи гумонбарон ва ҳам кушташудаҳо нашр намешавад. Русия макони кору даромади садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аст ва будубоши онҳо дар Русия гоҳе бо фоҷеа меанҷомад.

Имтиҳон барои хоҳишмандони ҳаққи кору иқомат дар Русия

Соли 2017. Як муҳоҷир аз забони русӣ имтиҳон месупорад

Аз 1-уми августи имсол муҳоҷирон дар Русия барои гирифтани ҳаққи кору иқомат аз рӯйи тартиби нав имтиҳони забони русӣ ва таъриху қонунгузориро месупоранд.

Имтиҳон вобаста ба мақсади супоридани он ба се сатҳ тақсим карда шудааст. Сатҳи аввал барои гирифтани иҷозатномаи кор ё патент, дараҷаи дувум барои иҷозаи зисти муваққатӣ ё худ РВП ва саввум барои онҳое, ки ба иҷозатномаи зист ва ё "вид на жителство" дар Русия ниёз доранд.

Имтиҳони русидонӣ ба таври шифоҳӣ (даҳонӣ) ва хаттӣ мегузарад. Суолҳо аз таърих ва асосҳои қонунгузории Русия дар шакли тестӣ ва бо истифода аз компютер дода мешаванд.

Имтиҳонсупорӣ аз 80 то 90 дақиқа идома хоҳад кард. Ҳамчунин тибқи тартиби нав арзиши хидмати гузаронидани имтиҳон аз забони русӣ барои гирифтани РВП ва ё иҷозаи зист 5 ҳазору 900 рубл ва барои гирифтани иҷозатномаи кор ё патент 3 ҳазору 800 ҳазор рубл муқаррар гардидааст.

Тақвияти чораҳои зидди коронавирус дар Бадахшон

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ниҳодҳои зидахл дастур додааст, ки дар аҳди пандемияи коронавирус риояи қоидаҳои беҳдоштиро дар тӯю маъракаҳои дигари серҷамъият сахттар кунанд.

Ёдгор Файзов дар ҷаласаи фаврии Ситоди вилоятии мубориза бо COVID-19 гуфтааст, бештари чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ дар вилоят бекор шуда, маблағи пешбинигардида барои ҷилавгирӣ аз коронавирус сарф хоҳад шуд.

Омори расмӣ дар Тоҷикистон шумори гирифторон ба коронавирусро дар умум беш аз 15 ҳазор нафар мегӯяд, вале маълум нест, дар ВМКБ шумори беморон чӣ қадар аст. Мақомоти беҳдошт барои ношаффоф будани омори марбут ба коронавирус якуним сол инҷониб танқид мешунаванд.

Айни замон мақомот аз тақсими ваксинаҳои зидди коронавирус дар минтақаҳо гузориш медиҳанд.

Рӯзи 29-уми июл 50 ҳазор воя ваксинаи амрикоии "Модерна" ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расид. Бо ин ваксина дар мадди аввал пизишкону беморон, кормандони бахши савдо ва дигар хадамоте, ки бештар бо мардум сару кор доранд, моякубӣ мешаванд.

Ба гуфтаи Ёдгор Файзор, барои он ки ҳамаи сокинони аз 18-сола боло эм шаванд, вилоят ба 300 ҳазор воя ваксина ниёз дорад.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ: Тимановская дар макони амн аст

1 август, фурудгоҳи Ҳанедаи шаҳри Токио. Кристина Тимановская дар ҳалқаи ходимони полиси ҷопонӣ

Кумитаи байналмилалии олимпӣ рӯзи 2-юми август гуфт, давандаи беларусӣ, Кристина Тимановская, ки ғайри хоҳишаш, бо фишори аъзои тими олимпии Беларус, ба фурудгоҳи шаҳри Токио бурда шуд, дар ҷойи бехатар қарор дорад.

Тарафдорони Тимановская гуфтанд, ӯ мехоҳад дар Аврупо дархости паноҳандагӣ бикунад.

Тимановская, ки аз полиси Ҷопон (Япония) дархости ҳимоят кард, субҳи душанбе ҳанӯз дар Фурудгоҳи шаҳри Токио қарор дошт. Ҳанӯз маълум нест, Тимановская пешниҳоди кадом кишвари аврупоиро барои паноҳандагӣ қабул мекунад. Пештар Лаҳистон (Полша) ва Ҷумҳурии Чех ба ӯ пешниҳоди паноҳандагӣ карданд.

Айни замон Бунёди ҳамраъйии варзишии Беларус гуфт, Тимановская мехоҳад, аз Австрия ё Олмон ёрӣ бихоҳад. Худи ӯ чанде пеш дар як муроҷиати видеоӣ гуфт, намехоҳад ба Беларус баргардад ва аз Кумитаи байналмилалии олимпӣ дархост кард, ба қазияи ӯ дахолат кунад.

Варзишгари беларусӣ гуфт, зери фишори мақомоти кишвараш аст ва онҳо мехостанд, маҷбурӣ ӯро ба Минск баранд.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфт, пуштибонӣ аз ин варзишгари беларусиро идома медиҳад ва аз Кумитаи олимпии Беларус тақозо кард, масъулияти ҳодисаи рӯйдодаро пурра ба дӯш бигирад.

Қарор буд, Тимановская 2-юми август дар мусобиқаи дави 200-метрӣ иштирок кунад, вале, ба гуфтааш, намояндагони мунтахаби олимпии Беларус рӯзи якшанбе ӯро бо зӯр ба фурудгоҳ бурданд. Бунёди ҳамраъйии варзишии Беларус дар як муроҷиат ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ хост, ба ин варзишгар кумак кунанд.

Худи Тимановская мегӯяд, қарори ба ватан баргардонидани ӯ аз як навиштааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарчашма мегирад, ки дар он рафтори мақомдоронро танқид карда, гуфтааст, бо гуноҳи онҳо шумори зарурии иштирокдорони дави эстафета ҷамъ нашуданд.

Нозирони байналмилалӣ гуфтанд, ки Беларус дар давоми даҳ моҳи пеш аз Олимпиада шумори зарурии допинг-тестҳоро барпо накард ва бо ҳамин сабаб се духтари варзишгар барои ширкат дар бозиҳо роҳ дода нашуданд.

Мақомоти варзишӣ тасмим гирифтанд, ба тими эстафетачиён Тимановскаяро ворид кунанд, дар ҳоле ки ӯ ба таври касбӣ барои иштирок дар бахши дигар – спринт омодагӣ дидааст. Тимановская аз ширкат дар ин бахши рақобатҳо даст кашид ва матбуоти давлатӣ дар посух ӯро ба шиддат танқид кард. Кумитаи олимпии Беларус гуфт, тақозои ихроҷ бо "ҳолати равонии варзишгар" вобаста аст.

Ҳамла ба полисе, ки тими зидди фалаҷи атфолро ҳамроҳӣ мекард

30-юми июл, Пешовар. Ходими тиб бо кумаки ходими полис хона ба хона гашта, кӯдаконро зидди фалаҷ эм мекунад

Мақомот дар Покистон гуфтанд, ки рӯзи 1-уми август дар ду ҳамлаи ҷангҷӯён дар минтақаи Хайбар Пахтунхва як маъмури полис кушта ва дигаре захмӣ шудааст. Онҳо амнияти пизишконеро, ки кӯдаконро ба зидди фалаҷ эм мекарданд, таъмин менамуданд.

Ифтихор Хон, раиси полиси минтақа, гуфт, мусаллаҳон савори мототсикл ҳамлаҳои худро анҷом доданд.

Масъулияти ҳамлаҳоро, ки яке дар Пешовар ва дигаре дар Вазиристони Ҷанубӣ рух додааст, гурӯҳи ҷангҷӯи “Таҳрики Толибон” ба дӯш гирифт.

Мақомоти тандурустӣ гуфтанд, ки 30-юми июл дар минтақаи Хайбар Пахтунхва маъракаи панҷрӯзаи эмкунии 3,7 миллион кӯдаки то панҷсола бар зидди фалаҷ роҳандозӣ шуд.

Ҷангҷӯён дар гузашта ҳам кормандони тими зидди фалаҷро мавриди ҳадаф қарор додаанд. Ба иддаои ҷангҷӯён, эмкунӣ як тавтеаи ғарбиҳо барои безурёт кардани кӯдакон дар Покистон мебошад.

Покистону Афғонистон ду кишваре дар ҷаҳон ҳастанд, ки шумори гирифторон ба полиомиелит ё фалаҷи атфол дар ин кишварҳо зиёд аст.

Талоши Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ барои решакан кардани ин беморӣ дар ҳолест, ки гоҳе дар кишварҳои дигаре ба мисли Тоҷикистон ҳам мавридҳои гирифторӣ ба фалаҷи атфоли ошкоршуда дар Покистон ё Афғонистон сабт мешавад.

Дар баёнияи созмон, ки рӯзи 26-уми июл нашр шуд, омадааст, аз 22-юми ноябри соли 2020 то 13-уми июли имсол 15 мавриди сирояти фалаҷи атфол ба кӯдакон дар Тоҷикистон сабт шудааст. Масъулон гуфтанд, ин навъи беморӣ аз он навъи фалаҷ будааст, ки дар Покистон зиёд мушоҳида мешавад.

Омори мазкур дар ҳоле нашр шуд, ки ба иттилои СҶТ, дар Тоҷикистон аз поёни соли гузашта то тобистони имсол беш аз 99 дарсади кӯдакон ваксина гирифтанд.

Эътирозҳои зидди маҳдудиятҳои COVID дар Олмон

Апрели соли 2021. Дар Берлин алайҳи тадбирҳои ҳукумати Олмон дар муқобили пандемияи коронавирус эътирози ҷамъиятӣ барпо шуд

Бо вуҷуди расман манъ будани ташкили таҷаммӯъҳои мардумӣ бо сабаби пандемияи коронавирус, рӯзи 1 август дар шаҳри Берлин ҳазорҳо сокини маҳаллӣ аз ҷорӣ будани маҳдудиятҳои иҷтимоӣ даст ба эътироз заданд. Ба иттилои полиси маҳаллӣ, бархе эътирозгарон ба афсарони полис ҳамла карда, ба ҳаракати нақлиёт монеа эҷод карданд. Ба иттилои сухангӯи полис, дар эътирозҳо тахминан 5 ҳазор нафар иштирок кард. Дар натиҷа, тахминан 600 нафар боздошт шуданд. Дар изҳороти полиси Берлин тавассути Твиттер гуфта шуд, ки эътирозгарон “занҷираи полисро рахна карда, бархе кормандони моро берун кашиданд. Ин ҳолат боиси истифодаи васоили нороҳаткунанда, калтак ва хушунат шуд”.

Масъулияти ташкили эътирозҳои зидди маҳдудиятҳои иҷтимоиро созмони маҳаллии “Мутафаккирони паҳлӯӣ” (Querdenker) ба ӯҳда гирифтааст, ки яке аз ҳаракатҳои фаъоли зидди ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои марбут ба пандемия дар Олмон ба шумор меравад. Додгоҳ ҳам гуфтаст, бо сабаби ин ки эътирози ҷамъиятӣ қоидаҳои доштани ниқоби тиббиву риояи фосилаи иҷтимоиро ба ҳам мезанад, ба ташкили он ризоият намедиҳад.

Варзишгари беларусӣ мехоҳад дар Аврупо паноҳанда шавад

Кристина Тимановская, варзишгари беларусӣ дар фурудгоҳи шаҳри Токио

Кристина Тимановская, варзишгари беларусӣ, рӯзи якуми август дар мулоқот бо намояндагони Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва мутасаддиёни Бозиҳои олимпии Токио гуфтааст, мехоҳад, дар як кишвари аврупоӣ паноҳандагӣ бигирад.

Интизор меравад, ӯ рӯзи 2-юми август ба воситаи вакили мудофеъ қазияи худро шарҳ диҳад.

Варзишгари беларусӣ ҳафтаи гузашта дар муроҷиаташ ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ дархост кард, ки ба ӯ кумак расонанд. Ба гуфтааш, мақомоти беларусӣ ба ӯ фишор оварда, мехоҳанд, ки бидуни хоҳишаш ӯро аз Ҷопон ба ватан интиқол диҳанд.

Эҳтимол меравад, Тимановская шаби гузаштаро таҳти назари полис дар фурудгоҳи шаҳри Токио пушти сар кардааст. Дар як изҳороти кӯтоҳаш ӯ гуфт, дар ҷойи бехатар қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки 2-юми август қарор буд Тимановская дар мусобиқаи дави 200-метрӣ иштирок мекард, вале, ба гуфтааш, рӯзи якшанбе намояндагони мунтахаби олимпии Беларус омад, ӯро бо зӯр ба фурудгоҳ бурданд. Бунёди ҳамраъйии варзишии Беларус дар як муроҷиаташ ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ хост, ба ин варзишгар кумак кунанд.

Худи Тимановская гуфт, қарори ба ватан баргардонидани ӯ аз як навиштааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарчашма мегирад, ки дар он рафтори мақомдоронро танқид карда, гуфтааст, бо гуноҳи онҳо шумори зарурии иштирокдорони дави эстафета ҷамъ нашуданд.

Нозирони байналмилалӣ гуфтанд, ки Беларус дар давоми даҳ моҳи пеш аз Олимпиада шумори зарурии допинг-тестҳоро барпо накард ва бо ҳамин сабаб се духтари варзишгар барои ширкат дар бозиҳо роҳ дода нашуданд.

Мақомоти варзишӣ тасмим гирифтанд, ба тими эстафетачиён Тимановскаяро ворид кунад, дар ҳоле ки ӯ ба таври касбӣ барои иштирок дар бахши дигар – спринт омодагӣ дидааст. Тимановская аз ширкат дар ин бахши рақобатҳо даст кашид ва матбуоти давлатӣ дар посух ӯро ба шиддат танқид кард. Кумитаи олимпии Беларус гуфт, тақозои ихроҷи варзишгар бо "ҳолати равонии варзишгар" вобаста аст.

Ҳомиёни муҳити зист мақомоти Қазоқистонро дар нобудсозии кӯлҳо гунаҳкор мекунанд

Кулҳо дар шаҳри Нурсултон.

Ҳомиёни муҳити зист ва сокинони шаҳри Нурсултони Қазоқистон мақомоти шаҳрро дар талоши аз байн бурдани гуруҳи кӯлҳои "Малий Талдикол" гунаҳкор мекунанд.

Малий Талдикол гуруҳи кӯлҳои хурде мебошад, ки дар ҳудуди пойтахти Қазоқистон ҷойгир аст. Аз онҳо парранда ва ҳайвонҳои нодиру шомили Китоби сурх об менушанд. Мақомоти шаҳрдории Нурсултон тасмим гирифтаанд, ки дар ҷойи кӯлҳо маҷмааи сайёҳӣ созанд.

"Баъд аз авҷ гирифтани корҳои сохтмонӣ сабзаҳои гирду атроф хушк мешаванд ва паррандаҳо низ онҷоро тарк мекунанд. Ман ҳамчун шаҳрванди оддӣ бар инам, ки ҳар як қитъаи табиат, агар дар маркази шаҳр ҳам бошад, бояд ҳифз шавад", - мегӯяд сокини Нурсултон Ирина Антонова.

Экологҳо бар ин назаранд, ки сохтмони маҷмааи сайёҳӣ дар ҷои кӯлҳо хилофи уҳдадориҳои байналмилалии Қазоқистон аст. Вале мақомоти қазоқ бо вуҷуди эътирозҳо ба кори худ идома медиҳанд.

"Шаҳрдорӣ дар вокуниш ба эътирози сокинон барои ҳалли мушкили Малий Талдикол гуруҳи корӣ таъсис дод. Аъзои ин гуруҳ як ё ду бор ҷамъ шуданд. Вале дигар аз онҳо дараке нест. Ба дархостҳои мо эътибор ва посух намедиҳанд", - гуфт ҳомии табиат Айдана Сабденова.

Шикояти шаҳрвандони Узбекистон аз тамаъҷӯии марзбонони қирғиз

Шаҳрвандони Узбекистон аз санҷишҳои ғайриқонунӣ ва тамаъҷӯии сарҳадбонони Қирғизистон ба президенти он кишвар Содир Ҷабборов (Содир Жапаров) шикоят карданд.

"Муҳтарам президент Содир Ҷабборов (Содир Жапаров), тавре Шумо хабар доред, шаҳрвандони Узбекистон аз гузаргоҳи марзии "Достук" гузашта, тавассути фурудгоҳи Ӯши Қирғизистон ба шаҳрҳои Қазоқистон парвоз мекунанд. Вале дар онҷо корҳое анҷом мешаванд, ки нигаронкунанда ҳастанд", - омадааст дар муроҷиатномаи блогери узбек бо номи Исмоил.

Блогер аз президенти Қирғизистон даъват кардааст, ки ба мушкилиҳо дар гузаргоҳҳои сарҳадии кишвараш таваҷҷуҳ намояд.

"Низомиёни Шумо аз ҳар як нафар танҳо барои гузаштан аз марз 50 ҳазор сӯм талаб мекунанд. Агар 50 ҳазор сӯм надиҳед, иҷозати убури сарҳадро намедиҳанд ва бо баҳонаҳои гуногун бармегардонанд. Мардум маҷбур ҳастанд, ин пулро диҳанд. Аз Шумо хоҳиш мекунем, ки ба вазъ дар гузаргоҳи мазкур таваҷҷуҳ кунед", - афзудааст блогер.

Корбарони узбек дар Твиттер ҳам изҳори нигаронӣ мекунанд, ки шаҳрвандони Қирғизистон марзи Узбекистонро бидуни мушкиле убур мекунанд, вале узбекистониҳо ҳангоми гузаштан аз марзи кишвари ҳамсоя маҷбур ҳастанд, пул диҳанд.

Рӯзноманигор аз Ӯш Ҳамидулло Узақов иддаои шаҳрвандони Узбекистонро тасдиқ кардааст. "Дер боз дар бораи муносибати бад ва тамаъҷӯӣ дар гузаргоҳи марзии "Достук" шикоятҳо мешунавем", - изҳор доштааст рӯзноманигори қирғиз.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон иддаои мусофирони Узбекистонро рад мекунад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG