Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вошингтон сӯиқасд ба сафири Саудиро хунсо кардааст


Додситони кулли Иёлоти Муттаҳида Эрик Ҳолдер ва раҳбари Бюрои Федероли Таҳқиқот Роберт Мюллер дар нишасти хабарӣ дар Вошингтон, 11 октябри соли 2011.
Додситони кулли Иёлоти Муттаҳида Эрик Ҳолдер ва раҳбари Бюрои Федероли Таҳқиқот Роберт Мюллер дар нишасти хабарӣ дар Вошингтон, 11 октябри соли 2011.

Мақомот мегӯянд, ду эронӣ нақша доштанд, сафири Саудиро бикушанд ва сафоратхонаҳоро мунфаҷир кунанд.

Расонаҳои Иёлоти Муттаҳида хабар медиҳанд, ки маъмурони амниятии ин кишвар нақшаи қатли сафири Арабистони Саудӣ дар Амрико ва бомбгузории сафоратҳои Саудӣ ва Исроилро дар Иёлоти Муттаҳида хунсо кардаанд.

Бино бар асноди додгоҳ, ки имрӯз мунташир шуд, Мансур Арбобсайр ва Ғулом Шакурӣ, ҳарду зодаи
Бино бар айбнома тарҳи махфӣ дар Эрон андешида шуда, аз он ҷо сармоягузорӣ ва раҳбарӣ шудааст...

Эрон, ки шаҳрвандии Амрикоро гирифтаанд, ҳадаф доштанд, сафири Арабистони Саудӣ Абдул ал-Ҷубайрро бо василаи бомбгузорӣ ба ҳалокат расонанд ва сипас дар назди сафоратҳои Саудӣ ва Исроил дар Вошингтон таркишҳо анҷом диҳанд. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, тарҳи сӯиқасд аз тарафи ҳукумати Эрон таҳия ва роҳандозӣ шудааст.

Дар нишасти хабарӣ дар Вошингтон, Додситони кулли Иёлоти Муттаҳида Эрик Ҳолдер гуфт, ин ду нафар ба ончӣ вай “нақшаи байнулмилалии истихдом барои қатл” номид, айбдор мешаванд. Вай афзуд, шаҳрвандони амрикоӣ Арбобсайр ва Шакурӣ шиносномаи эронӣ доштанд ва Шакурӣ узви мустақар дар Эрони нерӯҳои “Қудс” аст, ки ҷузве аз Сипоҳи давлатии Посдорони Инқилоби Исломӣ ба шумор меравад.

“Бино бар айбнома тарҳи махфӣ дар Эрон андешида шуда, аз он ҷо сармоягузорӣ ва раҳбарӣ шудааст. Ин як нақзи шадиди қонунҳои Иёлоти Муттаҳида ва байнулмилалист, аз ҷумла қатъномаи мушаххаси ҳифзи дипломатҳо аз ҳама гуна зарба.”

Ҳолдер гуфт, Арбобсайр рӯзи 29-уми сентябр боздошт шуд ва ҳамон вақт эътироф кард ва “дар бораи нақши ҳукумати Эрон дар қазия маълумоти боарзиш” додааст. Шакурӣ боздошт нашудаст ва дар Эрон ба сар мебарад, гуфт додситон.

Мансур Арбобсайр, айбдоршавандаи тарҳи суиқасд ба сафири Саудия дар Амрико.
Мансур Арбобсайр, айбдоршавандаи тарҳи суиқасд ба сафири Саудия дар Амрико.
Ду марди эронӣ аз ҷумла ба таҳияи қатли мансабдори хориҷӣ, қасди истифодаи силоҳи қатли ом ва қасди анҷоми амали марбут ба терроризми байнулмилалӣ айбдор мешаванд. Ҳолдер гуфт, мақомоти Иёлоти Муттаҳида моҳҳои зиёде кор карданд, то гиреҳҳои тарҳи печидаи сӯиқасдро ошкор кунанд. Аз ҷумла Арбобсайр як корманди махфии ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаро дар ивази 1,5 миллиион доллар барои қатли сафири Саудӣ Абдул ал-Ҷубайр истихдом карда буд ва бо ӯ дар Мехико чандин бор мулоқот кард.

"Бино бар айбнома, аввали баҳор Арбобсайр бо хабаррасони махфии Дафтари мубориза бо маводи мухаддир, ки худро узви гурӯҳи байнулмилалии қочоқи маводи мухаддиир муаррифӣ карда буд, мулоқот кард. Мулоқоти моҳи май дар Мехико аввалин дидор дар силсилаи вохӯриҳо буд, ки бо ваъдаи пардохти 1,5 миллион доллар аз тарафи афроди ҳукумати Эрон барои қатли сафир дар қаламрави Иёлоти Муттаҳида ба фарҷом расид.”

Мақомот мегӯянд, бино бар тарҳи махфӣ ресторане бояд бомбгузорӣ мешуд, ки сафир дар он ғизо мехӯрад. Онҳо меафзоянд, тарҳро замоне хунсо карданд, ки мебоист, маводи мунфаҷира харидорӣ мешуд.

Прит Бҳарара, додситони ноҳияи Ҷанубии Ню-Йорк, ҷое ки иттиҳом парванда шуд, гуфт, аллакай 100 000 доллар аз тариқи Бонки Ню Йорк фиристода шуда буд, то силоҳ харида шавад. "Асноде, ки имрӯз боз шуд, нишон медиҳад, ки тарҳи ба хубӣ сармогузоришуда ва марговар дар навбати аввал қатли сафири Саудӣ дар Иёлоти Муттаҳидаро дар назар дошт. Ҷузъиёти ин парвандаи суиқасд, ба камияш, хунсардона аст, чун айбдоршавандагон парвое надоштанд, ки барои пешбурди тарҳи онҳо талафоти оммавии амрикоиҳои бегуноҳ дар хоки Амрико иттифоқ хоҳад афтод.”

Мудири Дафтари федероли таҳқиқот ё FBI, Роберт Мюллер, ки низ дар нишасти хабарӣ ҳозир буд, гуфт, парванда нишон медиҳад, “мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки марзҳову бандарҳо ба таври рӯзафун берабт мешаванд.” Вай гуфт, агар тарҳ амалӣ мегашт, талафоти зиёде ба бор меовард.

"Ҳарчанд ин парванда мисли намоишномаҳои Ҳолливуд хонда мешавад, таъсири он хеле амалӣ буда метавонист ва ҷони зиёде бохта мешуд. Ин афрод парвои қурбониёни эҳтимолии кори худ, парвои шаҳрвандони бегуноҳро надоштанд, ки мумкин буд дар ин талоши суиқасд захмӣ ё кушта мешуданд."

Додситон Ҳолдер гуфт, Иёлоти Муттаҳида нақша дорад ҳарду мардро барои сӯиқасд муҷозот кунад, аммо “ҳамчунин таваққӯъ дорад, Эронро барои амали онҳо ба ҷавобгарӣ кашад.” Вай афзуд, Вазорати адлия бо Кохи Сафед, Вазорати молия ва умури хориҷӣ ҳамкорӣ дорад, то “дар чанд соати оянда” ба ин амал посух диҳанд.

Вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон дар робита ба иттиҳомоти тарҳи суиқасд ба сафири
Сафири Арабистони Саудӣ дар Амрико Абду ал-Ҷубайр
Сафири Арабистони Саудӣ дар Амрико Абду ал-Ҷубайр
Саудия дар Иёлоти Муттаҳида гуфт, он “убур аз хаттест, ки барояш Эрон бояд ба ҷавобгарӣ кашида” ва Теҳрон ба инзивои амиқи байнулмилалӣ афканда шавад. Вай гуфт: “Мо бо дӯстон ва коршариконамон дар саросари ҷаҳон машварат дорем, ки чӣ гуна метавонем паёми сахте диҳем, ки чунин аъмоли хилофи меъёрҳои байнулмилалӣ бояд қатъ шавад.”

Сафорати Арабистони Саудӣ дар Вошингтон дар изҳороте тарҳи гуфтамешудаи суиқасдро “манфур” ва нақзи “усули башарӣ” унвон кард.

"The New York Times" ба нақл аз намояндаи баландпояи ҳукумати Амрико гуфт, Вазорати молия нақша дорад, зидди Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон таҳримҳои нав ҷорӣ кунад. Ин ниҳод дар соли 2007 ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил шуда, барои нақшаш дар барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон зери таҳримҳои шадид қарор дорад. Рӯзномаи "Times" навишт, дар ин таҳримҳо панҷ намояндаи аршади Сипоҳ номбар хоҳанд шуд.

Соате баъд Вазорати молияи Амрико моликияти Шакурӣ ва Арбобсайр ва ҳамчунин се нафари дигар – Қосими Сулаймонӣ, Ҳамиди Абдуллоҳӣ ва Абдулризо Шаҳлоӣ, ки гуфта мешавад афсарони аршади гурӯҳи “Қудс”-анд ва дар тарҳ дахил будаанд, мунҷамид кард.

Эрон дафъатан ба иттиҳомот посух дод. Алиакбар Ҷавонфикр, мушовири умури матбуоти раисиҷумҳури Эрон, иттиҳомоти Иёлоти Муттаҳидаро “сенарияи тарҳрезишудае барои мунҳариф кардани таваҷҷӯҳи ҷомеа аз мушкилоти дохилии Иёлоти Муттаҳида” номид. Хабаргузории расмии Эрон ИРНА гуфт, иттиҳомот “намоишномаи нави таблиғоти Амрико” зидди Эрон аст. Хабаргузории “Меҳр” навишт, иттиҳомот “хандаовар” аст.

Дар ин байн Арбобсайр, ки бори аввал дар додгоҳи федерол дар Ню-Йорк зоҳир шуд, бо василаи вакили худ гуфт, ҳамаи иттиҳомро рад мекунад. Арбобсайр хостори озодӣ бо гаравпулӣ нашуд ва ҳабси муваққатро пазируфт.
XS
SM
MD
LG