Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Ҷидда


Зоиронро аз Маркази исломии Тоҷикистон ба фурудгоҳ бурданд...
Зоиронро аз Маркази исломии Тоҷикистон ба фурудгоҳ бурданд...

Яксаду ҳаштоду панҷ тан аз довталабони зиёрати хонаи Каъба аз пойтахти Тоҷикистон ба Ҷидда парвоз карданд.

Парвози нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик тавассути ҳавопаймои ширкати “СомонЭйр”, ки аз умдатарин ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон аст, анҷом мешавад. Мақомоти Кумитаи умури дин мегӯянд, ширкати “ТоҷикЭйр” низ дар интиқоли гурӯҳи дигари зоирони тоҷик ба Ҷидда саҳм хоҳад гирифт.

Хабарнигори "Озодӣ", ки ҷараёни сафари зоирони тоҷикро назорат мекунад, гуфт, довталабони зиёрати хонаи Каъба либоси ягона ба бар кардаанд. Вай мегӯяд, дар либоси мардон ва кунҷи рӯймоли занон парчами Тоҷикистон ҷо дода шудааст.

Гурӯҳи аввали зоирон аз Душанбе озими ҳаҷ шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00
Линки мустақим

Зоирони тоҷик ҳамчунин борхалтаҳои яксон доранд, ки тавассути ширкати дӯзандагии "Ёқут-2000" омода шудааст. Кумитаи умури дини Тоҷикистон барои таҳияи либоси ягона ва борхалтаҳои дастӣ барои ҳар кадом ҳоҷӣ каме бештар аз 50 доллар харҷ кардааст, ки онро аз ҳисоби пули пардохтаи зоирон гирифтааст. Яъне, барои либосу борхалта зоирон дигарбора пули изофагӣ пардохт накардаанд.

Ин барои нахустин бор аст, ки барои зоирони Ҳаҷ аз Тоҷикистон либоси ягона таҳия мешавад. Вале масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, чунин корро бархе аз кишварҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Туркия таҷриба карда ва ҳоло низ идома медиҳанд.

Кумитаи дини Тоҷикистон дар ду соли ахир дар роҳи зиёрати Хонаи Каъба барои сокинони кишвар баъзе аз маҳдудиятҳо ҷорӣ кардааст. Соли гузашта ин кумита қарор кард, ки афроди аз ҳаштодсола боло ва аз 18-сола поин имкони сафар ба Маккаву Мадинаро надоранд.

Кумитаи дини Тоҷикистон, ниҳоди расмии нозир бар фаъолиятҳои динӣ тақрибан даҳ сол аст, ки сафари зоирон ба Ҳаҷро таъмин мекунад ва ширкатҳои хусусии сайёҳиро аз ин ҳуқуқ маҳрум кардааст. Дар оғози солҳои 2000, замоне ки теъдоди довталабони зиёрати хонаи Каъба дар Тоҷикистон афзоиш дошт, мақомоти Кумитаи умури дин талош карданд, ки танзими ҳаҷро ба ихтиёри ин ниҳоди динӣ бигирад ва соҳиби бозори гарме шавад, ки ширкатҳои сайёҳӣ аз гуселу пешвози зоирон онро ба вуҷуд оварда буданд.






XS
SM
MD
LG