Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Олимпийский Стадион” дар Киеви Украина боз шуд


“Олимпийский Стадион” дар Киев дар ҷараёни сохтмон (аз бойгонӣ)
“Олимпийский Стадион” дар Киев дар ҷараёни сохтмон (аз бойгонӣ)
Шаҳри Киев-пойтахти Украина ба таври расмӣ варзишгоҳи бозиҳои қаҳрамонии футболи Аврупо 2012-ро боз кард. Дар маросими гушоиши ин варзишгоҳи дорои 60 ҳазор ҷой, ки “Олимпийский Стадион” ном гирифтааст, Шакира-овозхони машҳури попи Амрико ширкат ва овозхонӣ кард. Бозиҳои қаҳрамонии Аврупо 2012 дар 8 варзишгоҳ баргузор мешавад. Барои ин бозиҳо Украина 4 варзишгоҳ ва Полша 4 варзишгоҳи дигар омода мекунанд. Бозии ниҳоӣ 1 июл анҷом мегирад.
XS
SM
MD
LG