Бино ба гузоришҳои матбуоти Русия, дар як ҳодисаи нақлиётӣ дар роҳи миёни Маскав-Уфа дар шаҳри Нижний Новгород дар зодгоҳаш Павел Карелин яке аз варзишгарони номдори Русия кушта шуд. Вай беҳтарин аъзои дастаи Русия дар навъи паридан аз трамплин бо лижа буд. Павел 21 сол дошт ва дар бозиҳои Олимпии Сочӣ-2014 дар ин навъи варзиш барои ба даст овардани медал умеди Русия ба шумор мерафт.