Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз ваъда. Солеҳ гуфт, “аз қудрат канорагирӣ мекунад”


Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисиҷумҳури Яман, ки пас аз иқомати тӯлонӣ дар Арабистони Саудӣ ба кишвараш бозгаштааст...
Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисиҷумҳури Яман, ки пас аз иқомати тӯлонӣ дар Арабистони Саудӣ ба кишвараш бозгаштааст...

Раисиҷумҳури Яман ба мардуми кишвараш ваъда дод, ки рӯзҳои оянда аз қудрат канорагирӣ хоҳад кард.

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки нӯҳ моҳ инҷониб ба мухолифати мардуми кишвараш рӯ ба рӯст, рӯзи шанбе бо ҳузур дар баробари дурбинҳои телевизон гуфт, ба қудрат алоқамандӣ надорад ва ҳукуматро ба дигарон хоҳад супурд.

Ӯ аз ҷумла гуфт, “ман қудратро рад карда ва рад хоҳам кард ва дар рӯзҳои оянда аз қудрат канорагирӣ мекунам.”

Оқои Солеҳ дар ҳоле ин ваъдаро ба мардум кишвараш дод, ки як ҳафта пеш дар аввалин суханронии худ пас аз иқомати тӯлонӣ дар Арабистон танҳо ба даъват барои иҷрои интихоботи зудҳангом дар Яман кифоят кард.

Гузашта аз ин, ӯ аз моҳи июни соли ҷорӣ чандин бор барои поён додани хушунат дар Яман пешниҳодҳое дода буд, ки ҳеҷ як шомили канорагирияш аз қудрат намешуд.

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар тобистони имсол бо инфиҷори бомбе дар масҷиди Кохи раёсати ҷумҳурӣ мавриди сӯиқасд қарор гирифт, аммо аз ин террор ҷони солим ба дар бурд ва ба далели шиддати ҷароҳат барои муолиҷа ба Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ рафт. Сафаре, ки мӯътаризони яманиро барои муддате кӯтоҳ ба канорагирии ӯ умедвор кард.

Раисиҷумҳури Яман дар суханронии ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки тарҳи пешниҳодии Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс барои поён додан ба бӯҳрони Яманро мепазирад ва тамоми ихтиёротро ба муовини худ медиҳад.
Ин ҳамон тарҳе аст, ки Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ то кунун се бор то пойи имзои он пеш рафта, аммо ба он имзо нагузоштааст.

Ҳоло дар сурати иҷро кардани ваъдаи охираш дар бораи канорагирӣ аз қудрат, ҳукумати 32-солаи Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар Яман ба поён хоҳад расид, ки аз 9 моҳ пеш то кунун бо эътирози мардуми кишвар рӯ ба рӯ аст.
XS
SM
MD
LG