Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти зидди гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон идома дорад


Соате пеш вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон ба бахши қирғизии радиои Озодӣ хабар дод, ки дар ноҳияи Қаросӯ воқеъ дар ҷануби Қирғизистон аз вуруди як гурӯҳи террористӣ ба шаҳри Ӯш ҷилавгирӣ ба амал омдааст. Ин хабарро хадамоти амниятии ин кишвар низ таъйид кардаанд ва гуфтаанд, ҳоло амалиёт барои хунсо кардани ин гурӯҳи террористӣ дар минтақа идома дорад. Вазорати корҳои дохила гуфтааст, дар ҷараёни ин амалиёт ба эҳтимоли зиёд як нафар террорист кушта шудааст. Барои пешбурди амалиёт техникаи низомии артиш низ сафарбар шудааст. Тамоми роҳҳои вурудии шаҳри Ӯшро нируҳои интизомӣ зери назорат гирифтаанд ва ҳамаи мошинҳо бозрасӣ мешаванд. Дар роҳҳо гурӯҳҳои назоратии нируҳои интизомӣ гузошта шудаанд. То ҳол дар бораи ин гурӯҳ ва ё аз куҷо вориди минтақа шудани он маълумот дода намешавад.
XS
SM
MD
LG