Дар Озарбойҷон муҳокимаи чаҳор нафаре шурӯъ шуд, ки ба латукӯби як хабарнигори амрикоӣ ва як мудофеъи ҳуқуқи инсон аз Бритониё муттаҳам мешаванд. Аманда Эриксон ва Селиа Девис мегӯянд, ин чаҳор нафар моҳи июн дар маркази шаҳри Боку ба онҳо дарафтода ва латукӯбашон карданд. Ба гузориши бахши озарии Радиои Озодӣ, додситонҳо, Одил Тақизода, Роман Ҳасанов, Вусал Қурбонов ва Нозим Ҳусейновро ба авбошӣ ва расонидани осеби ҷисмонии сахт муттаҳам мекунанд, вале онҳо мегӯянд, ҳеҷ гуноҳе накардаанд. Аманда Эриксон ва Селиа Девис он замон барои омӯзиш додани хабарнигорони озарӣ ба Боку даъват шуда буданд. Муҳокимаро дирӯз ба далели ноқаноатмандии Селиа Девис аз кори тарҷумони додгоҳ то ҳафтаи оянда ба таъхир андохтанд.