Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоир Томас Транстромер - барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт


Ҷоизаи имсолаи Нобел дар бахши адабиёт насиби шоири шведи Томас Транстрёмер гардид. Питер Энглунд, муншии доимии Фарҳангистони Шветсия дар ин бора имрӯз дар Стокҳолм чунин хабар дод:

“Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт барои соли 2011 ба шоири швед Томас Транстрёмер дода мешавад, ки тавассути тасвирҳои мухтасар ва нимаурёнаш дидгоҳи тозаро бо воқеиятҳои рӯз фароҳам меорад”.

Транстрёмер 80 сол дошта, аз беҳтарин шоирони кишварҳои Скандинавия ба шумор меравад, ки дар қайди ҳаёт аст. Вай бори аввал дар 23-солагӣ аз худ ба унвони шоир дарак додааст. То имрӯз намунаҳои ашӣори ӯ ба 50 забони хориҷӣ тарҷума шудаанд. Соли 1990 дар натиҷаи беморӣ вай муддате аз гап задан монд, вале баъди муддате муолиҷаву табобат ба эҷоди шеър баргашт. Барандаи ҷоизаи Нобел бо 10 миллион крони шведӣ, ки муодили қариб 1,5 миллион доллари амрикоист, сарфароз мешавад.
XS
SM
MD
LG