Вай мегӯяд, аз наврасӣ орзуи дидани ин ду шаҳри қадимии тоҷиконро дошт ва ин орзу пас аз давъати яке аз дӯстонаш барои иштирок дар маросими арӯсӣ имконпазир шудааст.
Хабарнигори тоҷик афзуд, дар масъалаи дарфёти виза ва ё раводид ба Узбакистон мушкиле надошта, ҳамчунин аз сӯи сокинони Бухорову Самарқанд мавриди истиқболи гарм қарор гирифтааст.
“Дар он ҷо аксари мардум ба забони тоҷикӣ ҳарф мезананд. Вақте фаҳмиданд, ки аз Тоҷикистон барои дидани онҳо омадем, хушҳол шуданд ва барои тамоми мардуми кишвар паём фиристоданд. Рости гап, ҳам дар Бухоро ва ҳам дар Самарқанд худро мисле, ки дар Тоҷикистон эҳсос мекардем. Зеро дар ҳама ҷо бо мо ба забони тоҷикӣ сӯҳбат мекарданд”,-мегӯяд Насруллоҳ.
Насруллоҳи Тӯйчизода азфуд, аксар сокинони шаҳрҳои Бухорову Самарқанд алоқаманди шунидани таронаҳои тҷоикӣ ҳастанд. Ҳатто аз ӯ дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти кунунии овозхонҳои маҳбуби тоҷик -- Далери Назар ва Шабнами Сурайё суол кардаанд.
Оқои Тӯйчизода чанд аксе, ки дар Бухорову Самарқанд бардоштааст, барои мо фиристод ва мо онҳоро дар ихтиёри Шумо мегузорем, хонандаи азиз.