Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти фарде, ки қасди ҳамла ба Карзайро дошт...


Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон
Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон

Мақомоти Афғонистон як тарҳи сӯиқасд ба ҷони Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури ин кишварро ошкор ва хунсо кардааст.

Ба гуфтаи мақомҳои амниятӣ дар робита ба ин тавтиа, шаш нафар боздошт шудааст. Раёсати амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, яке аз ин афрод, Муҳибулло Аҳмадӣ аз муҳофизони раисиҷумҳур будааст ва метавонист, заминаи террори Ҳомиди Карзайро фароҳам бисозад.

Лутфулло Машъал, сухангӯи Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, фарди боздоштшуда сокини ноҳияи Данди вилояти Қандаҳор аст ва эътироф кардааст, ки бо шабакаи Ал-Қоида дар иртибот буд.

“Муҳибулло Аҳмадӣ, ки дар дарвозаи аввали идораи умур ба ҳайси муҳофизи раисиҷумҳур ифои вазифа мекард, таввасути нерӯҳои амнияти миллӣ дастгир шуд. Ин гурӯҳ мехостанд, ба наҳве аз онҳо ба мақарри раёсати ҷумҳурӣ дохил бишаванд ё нуфуз бикунанд ва дар сафарҳои раисиҷумҳур ба вилоятҳо ва сӯиқасдеро анҷом диҳанд, алайҳи ҷони раҳбари мову Шумо ҷалолатмаоб, Ҳомиди Карзай”,-гуфт ӯ.

Лутфуллоҳ Машъал
Ин гурӯҳ дар Вазиристони Ҷанубӣ дар Покистон омӯзиш дида ва бо шабакаи Ал-Қоида ва арабҳое, ки дар ин минтақа аз Ал-Қоида дастур мегиранд, робита доштааст. Бино ба гузоришҳо дар ҳисоби бонкии ин гурӯҳ, 150 ҳазор доллар пайдо кардаанд. Маъмурони амниятии Афғонистон қаблан гуфтаанд, ки мухолифини мусаллаҳ ва баъзе аз гурӯҳҳои терористӣ талош мекунанд, то ба ниҳодҳои амниятии Афғонистон роҳ ёбанд.

Сухангӯи Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон гуфт, дар ин гурӯҳи 6-нафарӣ як устоди донишгоҳ ва чанд донишҷӯ низ шомил будаанд: “Аввал доктор Эмин Ҳабиб, устоди Донишгоҳи тиббии Кобул, дуввум Парвиз, маъруф ба ба Абдулазиз, муҳассили Донишгоҳи Салом, саввум Абдулҳамид Машъал фарзанди Абдусаттор, муҳассили донишгоҳ, чаҳорум Раҳматулло Ромин, муҳассили соли чаҳоруми Донишгоҳи тиббии Кобул, Абдулбашир фарзанди Абдулвосеъ, бошандаи қарияи Арабхели вулусволии Кубанди вилояти Кoписо.”

Ба навиштаи хабаргузориҳо ин афрод, ки ҳафтаи гузашта боздошт шуданд, чанде пеш барои омӯзиш ба вилояти Вазиристони ҷанубии Покистон рафта будаанд. Давлати Афғонистон мегӯяд, қатли Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳ низ тарҳрезӣ шудааст.

Хабари сӯиқасд ба ҷони Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон дар замоне нашр шуд, ки ӯ бо як сафари расмӣ дар Ҳинд қарор дошт ва Покистон як душмани қадимии он кишвар аст.
XS
SM
MD
LG