Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Асад "Шӯрои миллии Сурия"-ро ташкил доданд


Бурҳон Ғалиён, аз раҳбарони мухолифи Сурия. Туркия, 2 октябри соли 2011
Бурҳон Ғалиён, аз раҳбарони мухолифи Сурия. Туркия, 2 октябри соли 2011

Гурӯҳҳои мухолифи Сурия бо ҳадафи сарнагунcозии низоми ин кишвар "Шӯрои миллии Сурия"-ро ташкил доданд.

Аз замони оғози эътирозҳои Сурия, ки беш аз шаш моҳ мегузарад, ин нахустин бор аст, ки ин теъдод аз гурӯҳҳо ва шахсиятҳои мӯътариз гирдиҳам меоянд ва бар сари ташкили ниҳоди воҳид ба тавофуқ мерасанд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, дар ҳоли ҳозир "Шӯрои миллии Сурия" наздик ба 70 узв дорад. Бурҳон Ғалиён, устоди донишгоҳи Сорбони Фаронса ва аз чеҳраҳои барҷастаи мухолифи Сурия рӯзи якшанбе зимни нишасти хабарӣ дар Истанбул, баёнияи ташкили Шӯрои миллииро хонд.

Дар ин баёния омадааст, ки ин Шӯро чаҳорчӯби ваҳдати бахши мӯътаризони Сурияро ташкил медиҳад. "Шӯрои миллии Сурия" гурӯҳҳои сиёсии мухталифро аз либерол гирифта то «Ихвонулмуслимин», кумитаҳои ҳамоҳангии маҳаллӣ, курдҳо ва ошӯриҳоро дар бар мегирад.

Оқои Ғалиён гуфт: "Шӯрои миллӣ намоди инқилоби Сурияро ташкил медиҳад ва онро дар дохил ва хориҷ намояндагӣ мекунад. Ин шӯро пуштибонии лозим барои амалӣ шудани хостаҳои мардуми моро дар сарнагунии тамоми пояҳои низом, аз ҷумла раҳбарии он, барпоии кишваре маданӣ ва бидуни фарқиятҳои қавмиятӣ, ҷинсиятӣ, эътиқодӣ ва сиёсӣ фароҳам мекунад... Ин шӯро дарҳои худро барои тамоми суриягиҳои пойбанд ба равишҳо ва аҳдофи инқилоби мусолиматомез мекушояд."

Ғалиён дар посух ба суоле дар бораи талошҳо барои ба расмият шинохтани Шӯрои миллӣ аз сӯи кишварҳои ҷаҳон гуфт: «Таъсиси Шӯро гоҳе сахт буд ва ба расмият шинохта шудани осонтар аз он аст. Кишварҳои арабӣ ва хориҷӣ ҳастанд, ки дар интизори чаҳорчӯбе барои мухолифон буданд то сухангӯи мухолифон бошад ва ҷаҳон битавонад ба он ба унвони ҷойгузине барои низоми ҳоким эътимод кунад.»

Раҳбари "Шӯрои миллии Сурия" гуфт, интизор дорад гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои сиёсии дигар низ ба шӯро бипайванданд. "Шӯрои миллии Сурия" дар ҳоле шакл гирифтааст, ки даргириҳо дар Сурия миёни ҷудошудагон аз артиш ва нерӯҳои давлатии ин кишвар ҳамчунон идома дорад. Даргириҳои асосӣ дар шаҳри Растан воқеъ дар вилояти Ҳимс идома дорад.
XS
SM
MD
LG