Мақомоти Амрико мегӯянд, ҳамлаи рӯзи ҷумъаи ҳавопаймои бесарнишин дар Яман дар канори раҳбари Ал-Қоида дар нимқораи Араб Анвар Авлоқӣ як бомбсози аршади саудиро низ кушта ба ҷо гузошт. Бовар меравад, маводи таркандаеро, ки дар ҳамлаи нокоми рӯзи Мавлуди Масеҳ дар соли 2009 ва қасди бомбгузории ҳавопаймоҳои борбари Амрико дар соли гузашта истифода шуд, маҳз Иброҳим Асирӣ омода карда буд.
Ҳалокати Асирӣ ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст, аммо қатли Авлоқиро раисиҷумҳури Амрико Барак Обама “боз як гоми муҳим дар роҳи талошҳо ба хотири шикаст додани Ал-Қоида ва ёронаш” хонд: “Ҳалокати Авлоқӣ зарбаи бузург ба ин фаъолтарин бахши Ал-Қоида аст.”
Анвар Авлоқии 40-сола ҳарчанд яманист, вале дар аёлати Ню-Мексико ба дунё омада, шаҳрвандии Амрикоро дошт. Ва ӯ тайи 10 соли ҷанг алайҳи террор нахустин амрикоиест, ки тавассути ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин кушта мешавад.
Анвар Авлоқӣ дар соли 2004 аз Амрико ба Яман баргашт ва ба зудӣ бо маъвизаҳои шадидан зиддиамрикоияш ном баровард.
Мақомоти Амрико Авлоқиро воиз ва тарғибгари инглисизабони ақидаҳои Ал-Қоида дар нимқораи Араб шинохта, нақши амалии ӯ дар таҳия ва иҷрои ҳамлаҳои террористӣ алайҳи Амрикоро қобили мулоҳиза медонанд.
Анвар Авлоқӣ ҳамроҳ бо 4 тан аз ёронаш дар натиҷаи асобати мушаки “Hellfire” ба корвони онҳо кушта шуд. Вазорати дифоъи Яман ҳалокати Авлоқиро таъйид кард ва гуфт, ин ҳамла дар наздикии шаҳри Хашиф, 140-километрии Санъо, пойтахти ин кишвари арабӣ рух додааст. Хабаргузории Сабо гуфт, бар асари ин ҳамла Самирхон, як ҷангии покистонитаборе ҳам, ки низ шаҳрвандии Амрикоро дошт, кушта шуд. Самирхон сардабири “Inspire’, маҷаллаи инглисизабони интернетие буд, ки ба таблиғи ақидаҳои ҷиҳодии Ал-Қоида машғул буд.
Гуфта мешавад, ҳамла ба Авлоқӣ ва ёрони ӯро ҳамон воҳиди вижае анҷом додааст, ки дар таърихи 2 май амалиёти қатли раҳбари аввали Ал-Қоида Усома Бин Лоденро дар дохили Покистон иҷро карда буд. Нирӯҳои вижаи Амрико ду сол боз дар пайи шикори Авлоқӣ буданд ва то иқдом ба ҳамлаи субҳи ҷумъа тайи 3 ҳафтаи охир ҳаракатҳои ӯро таҳти назорра доштаанд.
Мақомоти амрикоӣ бидуни бурдани ном гуфтаанд, раҳбари террористҳои Яман дар таҳияи қасди бомбгузории як ҳавопаймои Амрико дар рӯзи 25 декабри соли 2009 даст дошта, шахсан ба Фаруқ Абдулмуталлаб, муттаҳами аслӣ дар ин ҳамла, амр дода буд, маводи мунфаҷираро дар ҳарими ҳавоии Амрико тарконад, то шумори қурбониён ҳадди аксар бештар шавад. Анвар Авлоқӣ ҳамчунин масъули қасди нокоми инфиҷори ду ҳавопаймои борбари Амрико, ки мебоист тавассути ирсоли номаҳои ҳомили маводи тарканда иҷро мешуд, ном бурда мешавад. Ба бовари мақомоти иктишофӣ, Авлоқӣ талошт дошт, барои анҷоми ҳамлаҳо алайҳи ғарбиҳо заҳрҳои қаттоле, чун тсианид ва ритсин низ ба даст биорад.
Барак Обама Анвар Авлоқиро як таҳдиди ҷиддӣ барои мардуми Амрико ба қалам дод ва гуфт: “Авлоқӣ раҳбари амалиёти берунаи Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб буд. Дар ин симат ӯ масъулияти тарҳрезӣ ва талошҳои мустақим бо ҳадафи қатли амрикоиҳои бегуноҳро ба дӯш гирифта буд. Ӯ фармони талоши нокомшудаи таркиши ҳавопаймо дар Иди Мавлуди Масеҳ дар соли 2009-ро дода буд, ӯ фармони талошҳои нокоми таркондани ҳавопаймоҳои борбари Амрико дар соли 2010-ро дода буд. Ва ӯ батакрор аз мардум дар дохили Амрико ва дар саросари ҷаҳон даъват мекард, то ба хотири пешбурди масъалаи қатлҳо мардону занон ва кӯдакони бегуноҳро бикушанд.”
Ба бовари мақомоти амрикоӣ, майор Нидал Малик Ҳасан, ки ду сол пеш дар пойгоҳи низомии Форт Ҳуд дар аёлати Техсас 13 танро кушт, низ аз ҷониби Авлоқӣ ташвиқ шуда буд. Ҳарду қабл аз ин ҳамла тавассути эмейл мукотиба доштаанд. Файсал Аҳмад, як амрикоии покистониюласл, ки дар моҳи майи соли гузашта мехост мошини бомбгузоришударо дар Тайм-Сквери Ню-Йорк битарконад, низ эътироф кардааст, ки дар пайи тамоси интернетӣ аз сӯи Авлоқӣ “ҳидоят” шуда буд.
Таҳлилгарон мегӯянд, қатли Авлоқӣ имконоти Ал-Қоида дар нимқораи Араб барои ҷалби маболиғ ва аъзои навро мушкилтар мекунад.
Аммо тасмими Кохи Сафед ба таъқиб ва қатли ҳадафмандонаи ин шаҳрванди Амрико ба интиқоди бархе гурӯҳҳои ҳуқуқи башар низ рӯбарӯ шудааст. Соли гузашта ду созмон - Иттиҳоди озодиҳои шаҳрвандии Амрико ва Маркази ҳуқуқи конститутсионӣ - ба намояндагӣ аз падари Анвар Авлоқӣ алайҳи давлат ба додгоҳ даъво бурданд, ки дар моҳи декабр радд шуд. Муовини раиси Иттиҳоди озодиҳои шаҳрвандӣ Ҷамил Ҷаъфар баъди кушта шудани Анвар Авлоқӣ дар баёнияе гуфт, “барномаи кушторҳои ҳадафмандона ҳам қонунҳои Амрико ва ҳам қавонини байналмилалиро поймол мекунад.” Раҳбари созмони дуввум Винсент Воррен гуфт, ин барнома “амалан ба маънои додани салоҳияти қатли бидуни ҳукми додгоҳи ҳар амрикоест, ки таҳдид арзёбӣ мешавад.”

Аз ба истило ,,хукумати худкомаи,, Точикистон гуе ки фирор карданд ва озими Европа мешаванд. Вале аз нияту, маром ва максадхои нопокашон хеч вакт даст намекашанд. Инхоро агар ба Мох ва е Миррих хам одам равон кунад аз мафкураи танги Дини даст нахоханд кашид. Чунки ба шайтон байхат кардаанд ва фикрашон на Инсондусти ва Зиндаги балки факат намоз хондану чиходу катлу куштори инсон он хам бошад ба номи Аллох ва Исломи худашон. Чояшон факат зиндон аст ва е гуристон.
Аҷиб, бемории COVID-19 дар Тоҷикистон набошад пас 2 миллион ваксина барои чи лозим? Агар ин қадар истеҳсолот зиёд шуда бошад пас чаро буҷаи давлатӣ кам баромад? Агар ин қадар ҷойҳои кории нав ташкил шуд, чаро сафи бекорон ва камбизоатӣ зиёд шуд? Истеҳсоли барқ зиёд шуда бошад чаро лимити шадид дар тамоми Тоҷикистон? Умуман ин қадр пешрафту комёбиҳои зиёд шуда бошад чи лозим боз қарз мегиранд аз ташкилотҳои молиявии хориҷӣ? Чаро ягон сухани гуфта шуда дар ҳает ҳақиқат надорад ё баракс аст? .
Дар бораи нарх : !!!!!! Чихел намефахмед ??? Иктисоди бозаргони, давлат ба нарх дахолат намекунад, Умуман минталитети мардуми мо то хол ба СССР монандаст, бояд хаммакорро давлат кунал, чои кор дихад, заводу фабрика созад, нархи арзон дихад, як савол , аз кучо??? 9000000 мардум факат аз гиребони давлат. Барои мисол: Амрикоро давлат бой накардааст, мардумаш талош карданд, хонданд, босавод шуданд, Apple, Microsoft, Boeing, долар, интернет, GM, Tesla, Ford, Cadillac, Биржа, ООН, ЮНИСЕФ, Macdonalds, KFC, NIKE, SpaceX, NATO боз чандин бренхои дигар. ! Ягонтаи инро давлат насохтаас! Аз пушти инхо давлат бой шуд. Дар Точикистон ягон падару модар ба таълими фарзандаш ахамият намедихад, барои он ки худащ бесавод аст, бесавод калон мешавад, гиребони давлатро мегирад, Давлат вазифааш таъмини сулху бехатари ва отношении хуб бо давлахои хорича мебошад. Барои хамин мо бояд идеае ё коре кунем ки давлат аз пушти мо бой шавад. Пушида нес Точикистон уммуман бойгари надорад, ба монанди нефт, газ, тилло... Барои хамин мардум!: худ бояд аз паи фикру допишу навигари шавед. Як бор фикр кунед! Мо хаммамон бесавод хастед. Ин хуб нес, ки худ аз дастат чизе намеояду гиребони як каси дигарро мегири ки хаммаи чизро бароят мухаё кунад, ин нодуруст аст. Бесаводистон
Охир то кая мардумро фиреб мекунед шарм кунед камтарак не чойи кору не пулу не мол ба хама аз муаллиму донишчу ректор зулм кардан бас аст ин Халк 1 мох баьд бинед чи ходиса мешавад ба ин бекори
Демократияву адолати аврупои ана инро мегуянд! Дар мо барои як лайк ё коммент аз 10 то 15 соли умри чавонои нозанина паси панчара бурданд. Гур дар сари шуравиву чахони рус! Хама вахшигариву, хашму нодурустихо аз хамонхо ба мо меърос мондааст. Мо точикон бештар бояд бо Аврупо равобити хуб баркарор кунем, на барои кор, балки барои тахсилот. Насихат барои чавонои хунгарм. Мухочирон дар Хабаша беодоби намекарданд! Лутфан одобу ахлоки накуро пеша кунед!