Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нутқи охирини Юлия Тимошенко дар додгоҳ


Собиқ нахуствазири Украина Юлия Тимошенко дар нутқи хотимавии худ дар мурофиаи додгоҳӣ ба бегуноҳиаш исрор варзид. Вай дар муроҷиат ба тарафдорон, журналистон ва дипломатҳои хориҷӣ президент Виктор Януковичро дар қасдгириҳои сиёсӣ айбдор кард. Тимошенкоро дар берун рафтан аз салоҳиятҳои кориаш ба ҳангоми имзои созишномаи газ бо Русия дар соли 2009 айбдор мекунанд. Айбдоркунандаи давлатӣ хостори 7 соли зиндони Тимошенко шудааст. Муҳокимаи ӯро Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА ҳамчун додгоҳи сиёсӣ айбдор кардаанд. Брюссел таҳдид кард, ки дар сурати зиндонӣ шудани Тимошенко ҳамоиши Украинаву Иттиҳодияи Аврупо зери суол меравад.
XS
SM
MD
LG