Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интерпол Саъдӣ Қаззофиро боздошт карданист


Саъдии 38-сола, писари Муаммар Қаззофӣ
Саъдии 38-сола, писари Муаммар Қаззофӣ
Полиси байналмилалии Интерпол имрӯз барои боздошти Саъдӣ, писари раҳбари барканоршудаи Либия Муаммар Қаззофӣ огаҳие содир кард. Интерпол, ки дафтари аслиаш дар Лиони Фаронса аст, гуфт, ки огаҳиномаи мазкур бо дархости ҳукумати нави Либия содир шудааст. Саъдиро дар сӯиистифодаи моликият бо роҳи зӯру фишор ва ҳам таҳдиди мусаллаҳона ба ҳангоми раҳбарии Федерасиюни футболи Либия гунаҳгор мекунанд. Бовар меравад, ки Саъдӣ Қаззофӣ ҳоло дар Нигер ба сар меравад, дар ҳоле, ки ҳамоно макони буду боши падараш маълум нест.
XS
SM
MD
LG