Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррозу бӯҳрони иқтисодии Аврупоро бесобиқа унвон кард


Президенти Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозу бӯҳрони қарзии кунуниро мушкили азимтарин дар таърихи Иттиҳодияи Аврупо унвон кард. Имрӯз зимни суханрониаш дар парлумони Аврупо дар Страсбурги Фаронса Баррозу гуфт, ки имкони бурунрафт аз ин бӯҳрон вуҷуд дошт:

“Мо бо паёмадҳои бади бозбиниҳои ҷаҳонии хатарҳои молӣ муқобила мекунем. Масъулияти мо ин аст, ки дубора эътимод ба евро ва худи иттиҳодияро барқарор кунем. Ин корро мо бо роҳи намоиши тавони тасмимгириамон барои доштани пули умумӣ ва иқтисоди ягона анҷом дода метавонем, ки бо роҳи рақобатпазир, пурмӯҳтаво ва соҳиби захира ба даст меояд”.

Баррозу мегӯяд, ки бидуни ягонагии бештар, таҷзия зиёд хоҳад шуд. Вай ба эҷоди як созиши муштараки бонизоме даъват кард, ки аз ҷумла, барои пардохти қарзҳои ҳамдигар мусоидат кунад ва дар оянда ин ҷараёнро “табиӣ ва баназм созад”. Изҳороти Баррозу, ки бояд аз ҷониби кулли аъзои Иттиҳодияи Аврупо пазируфта шавад, дар шароите садо дод, ки Аврупо басахтӣ бо бӯҳрони иқтисодии баамаломада мубориза мебарад. Бӯҳроне, ки бо сабаби ба қарзи зиёд олуда шудани кишварҳои мисли Юнон боиси заъфи эътидоли пули аврупоӣ Евро шудааст, бесобиқа унвон мешавад.
XS
SM
MD
LG