Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намози занон дар масҷид дубора имконпазир мешавад?


Бо анҷоми сохтмони маркази фарҳангӣ дар қароргоҳи ҲНИТ гурӯҳе аз занон имкони гузоштани намоз дар он ҷоро ба даст овардаанд.

Бинои маркази фарҳангӣ, ки бештар ба унвони масҷиди Ҳизби наҳзати исломӣ маъруф аст, ҳанӯз як соли пеш, дар 23-юми октябри соли 2010, мавриди оташсӯзӣ қарор гирифта буд.
Ин маркази фарҳангӣ аст, ки дар ҷараёни корҳои фарҳангии ҳизб ҳамчун намозхона истифода мешуд. Мардум онро ба номи масҷид мешинохтанд...

Ин бино баробари таъмир дидан дари худро ба рӯи як гурӯҳ аз бонувон ҳам боз кардааст, то тавонанд ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа намози худро дар он ҷо бигузоранд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, як масъули Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди он ки то ҳанӯз мақомот омилони сӯхтор дар намозхонаи Ҳизби наҳзати исломиро ошкор накардаанд, ин ҳизб тасмим гирифтааст, ки масҷидро дубора фаъол бикунад.

Ҷаноби Сайфуллозода мегӯяд, дақиқан намедонад, барои барқарории ин намозхона чӣ қадар маблағ сарф шудааст, вале мегӯяд, тамоми корҳои сохтмонӣ бо кӯмаки хайрияи ҷонибдорон ва аъзои ин ҳизби динии сиёсӣ анҷом шудааст: "Ҳарчанд дар оғоз ба мо гуфтанд, ки сӯхтор дар пайи расиши ноқилҳо сурат гирифтааст, вале фикр мекунам, дар ин ҷо чӣ масъалаи дигаре буд. Ба ин нигоҳ накарда ҳизб тасмим гирифт, ки биноро аз нав
Ҳикматулло САЙФУЛЛОЗОДА
бисозад. Ҳатто беҳтар аз шакли пештаараш. Алҳамдуллилоҳ, ин кор сурат гирифт. Таъмири хубе шудааст. Ин маркази фарҳангӣ аст, ки дар ҷараёни корҳои фарҳангии ҳизб ҳамчун намозхона истифода мешуд. Мардум онро ба номи масҷид мешинохтанд. Ин ҷо ҷои пинҳон кардан нест. Зеро ҳар куҷое, ки саҷда мегузоред, он ҷо масҷид аст. Агар ҳоло гӯем, ки масҷид дубора фаъол шудааст, хато намекунем.”

Ин масъули Ҳизби наҳзати исломӣ меафзояд, ҳарчанд мақомоти Кумитаи дин дар соли гузашта намозгузорӣ дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломиро мамнӯъ кард, вале онҳо аз моҳи Рамазон ба ин ҷониб ҳар ҳафта намози ҷумъаро дар қароргоҳашон адо мекунанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода гуфт, акнун як гурӯҳи кӯчаки занҳо низ дар ин маркази фарҳангӣ намоз мехонанд, агарчӣ теъдоди онҳо дар муқоиса ба як соли пеш хеле андак аст: “Ин ҳам яке аз масъалаҳои ҷиддӣ аст. Вақте мо намози ҷумъаи хешро бидуни эълон барои масъулини ҳизб дар қароргоҳ доир кардем, албатта, бонувоне, ки дар ҳизб шариканд ва масъулияте доранд, иштирок карданд. То ба имрӯз кадом мушкиле нест, хонумҳо дар намоз иштирок доранд...”

Эшони АБДУЛБАСИР
Дар ҳоле дар бораи намозгузории занон дар масҷиде ва он ҳам дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломӣ сӯҳбат мешавад, ки Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ниҳоди содиркунандаи фатво ва пуштибон аз мусалмонон бо судури як фатво намозгузории занон дар масоҷидро номумкин гардонидааст.

Масъулони Кумитаи дин, ниҳоди расмии нозир бар фаъолиятҳои динӣ, дар ин масъала дақиқ сӯҳбат намекунанд ва масъулиятро ба дӯши Шӯрои уламои Маркази исломӣ мегузоранд.

Эшони Абдулбасир Саидов, муовини муфтӣ ё раҳбари Шӯрои уламои маркази исломӣ мегӯяд, ин фатво дар замони раҳбарии муфтии пешин Шайх Амонуллоҳи Неъматзода содир шудааст ва то кунун пойбарҷост. Вай мегӯяд, рӯҳониёни тоҷик пас аз баҳсу баррасиҳо намозгузории занон дар масоҷидро макрӯҳ донистаанд.

Ҳамон тавре Эшони Абдулбасир гуфт, худи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, ки аксари кулли сокинони мусулмони Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, низ ин нуктаро таъкид ва ҷонибдорӣ кардааст. Аммо ӯ мегӯяд, иҷрои ин фатво ҳолатҳои истиноӣ низ дорад. Махсусан, ҳамон вақте ки занон ба сафар мебароянд.

Зубайдуллоҳи РОЗИҚ
Вале на ҳамаи рӯҳониёни тоҷик ба ин фатво ва чунин назари Шӯрои уламои маркази исломӣ мувофиқанд. Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯҳонии тоҷик, мегӯяд, дар ҳоле ки тамоми дунё пиромуни баробарии зану мард ва эҳтиром ба ҳаққи занон сӯҳбат мекунанд, монеъ шудан ба намозгузории онҳо дар масоҷид нақзи ҳуқуқи онҳост.

Ҳамин тавр, фаъол шудани масҷиди занона дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломӣ мавзӯи намоз гузоштани занони мусулмони тоҷик дар масоҷидро дубора доғ кардааст.

Илова ба ин, ин намозҳо дар ҳоле дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломӣ гузошта мешаванд, ки дар пайи баҳси тақрибан яксола миёни мақомоти Кумитаи дину Вазорати адлияи Тоҷикистон ва ҲНИТ намозгузорӣ дар қароргоҳи ин ҳизби динӣ мамнӯъ шуд.
Ҳоло маълум нест, ки баланд шудани дубораи азон аз қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломӣ ва намозгузории тӯдаи занон дар он ҷо бо чӣ хоҳад анҷомид...
XS
SM
MD
LG