Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи дин: "Ду ҳазор донишомӯз ба ватан омаданд"


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, теъдоди донишомӯзони тоҷик, ки аз мадориси динии кишвраҳои исломӣ ба ватан бозгаштаанд, ба 1 ҳазору 950 нафар расидааст. Идибек Зиёев, масъули таҳсилоти динӣ дар Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, ҳамакнун ҳудуди 500 нафар аз донишомӯзони тоҷик дар мактабҳои динии кишварҳои исломӣ боқӣ мондаанд, ки як гурӯҳи онҳо бо муҷаввизи Кумитаи дин ба он ҷо роҳ ёфта, гурӯҳе дигар аслан ғайримуҷоз дар он ҷо таҳсил доранд. Вай афзуд, аз тамоми донишҷӯёни ба ватан бозпас омада танҳо 130 тани онҳо ба мактабу донишгоҳҳои кишвар роҳ ёфтаанд. Аз ҷумла, 67 нафар ба макотиби таҳсилоти умумӣ, 57 нафар ба макотиби олӣ ва 8 нафар ба мадрасаҳо. Вале ҳамон тавре ин масъули Кумитаи дин мегӯяд, дар ин миён як гурӯҳ аз ҷавонон дубора барои таҳсил ба кишварҳои исломӣ рафтаанд, ки Кумитаи дин ҳам дар он мусоидат кардааст. Бозгашт ё бозгардонии донишомӯзогни тоҷик аз мадориси динии кишварҳои исломӣ тобистони соли гузашта, замоне ки раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки онҳо на мулло, балки террорист мешаванд, оғоз ёфта буд.
XS
SM
MD
LG