Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии амиқи Иёлоти Муттаҳида аз авзоъ дар Яман


Иёлоти Муттаҳида аз рӯйдодҳои Яман шадидан изҳори нигаронӣ кард ва хостори истеъфои раисиҷумҳури ин кишвар Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ шуд, ки 33 сол ба ин сӯ дар сари қудрат аст. Дар ҳоле ки тазоҳуроти зидди Солеҳ дар Яман аз аввали имсол бетанаффус идома дорад, вай рӯзи ҷумъа пас аз се моҳи муолиҷа дар Арабистони Саудӣ ба ватан баргашт ва ба хатари ҷанги шаҳрвандӣ дар Яман афзуд. Гуфта мешавад, дар бархӯрди тазоҳуркунандагон бо артиш дар ҳафтаи гузашта наздик ба 200 нафар кушта шудаанд. Танҳо дар Санъо, пойтахти Яман, рӯзи шанбе 40 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG