Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бауэр ва Фатал ба Иёлоти Муттаҳида расиданд


Ду шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида, ки дар Эрон бо иттиҳоми ҷосусӣ ба ҳашт соли ҳабс маҳкум шуданд, ба ватани хеш расиданд. Шон Бауэр ва Ҷош Фатал ду рӯз дар Умон буданд, то мақомоти Эрон расидани 1 миллион доллар васиқаи онҳоро тасдиқ кунанд. Ин маблағ аз тариқи давлати Умон ба Эрон интиқол ёфт, зеро Иёлоти Муттаҳида ва Эрон бо ҳам равобити дипломатӣ надоранд. Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмаднажод ҳафтаи гузашта ба озодии онҳо ризоият дод. Бауэр ва Фатал якҷо бо шаҳрванди дигари Амрико, Соро Шурд дар соли 2009 дар марзи Эрон бо Ироқ боздошт шуданд. Онҳо гуфтанд, ҳангоми саёҳат иштибоҳан марзро убур кардаанд. Шурд як сол пеш бо васиқаи 500 000 доллар озод шуда буд.
XS
SM
MD
LG