Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо кушта дар Яман. Пас аз бозгашти Солеҳ


Ҳамлаҳои артиш ва нерӯҳои амниятии Яман ба мӯътаризон дар Санъо камаш чиҳил кушта бар ҷой гузошт.

Ин ҳамлаҳо пас аз бозгашти ногаҳонии Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисиҷумҳури Яман ба кишвар сурат мегирад. Чанд моҳ пеш Солеҳ дар як инфиҷоре дар масҷиди раёсати ҷумҳурӣ ҳадафи амалиёти террори нофарҷом қарор гирифт ва барои муолиҷа ба Арабистони Саудӣ рафт.

Наздик ба ҳашт моҳ аз эътирозҳои дар Яман мегузарад ва мӯътаризон хоҳони сарнагунии низоми Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ҳастанд, ки 32 сол боз болои онҳо ҳукумат мекунад.

Мӯътаризон мегӯянд, Горди раёсати ҷумҳурӣ ва нерӯҳои амниятӣ муҳоҷимон ва майдони "Тағйир" дар шаҳри Санъо буданд. Аммо вазири умури дохилаи Яман вуқӯи ин ҳамларо рад кард ва гуфт, ки танҳо тундравҳо ба самти мӯътаризон оташ кушодаанд.

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисиҷумҳури Яман, ки барои муолиҷа ба Арабистони Саудӣ рафта буд ва ҳоло ба ватанаш бозгаштааст...
Бо ин ҳол, ҳамлаҳо дар Санъо ба майдони "Тағйир", маҳалли гирдиҳамоии мӯътаризон, маҳдуд нашудааст. Хумпораҳо ба хонаҳои маскунӣ ё истиқоматӣ дар маҳаллаҳои атрофи ин майдон низ партофта шудааст. Бозорҳо дар пойтахти Яман таътил аст ва маҳаллаҳое, ки дар манотиқи даргирӣ қарор доранд, дар муҳосира ба сар мебаранд.

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ пас аз бозгашти худ ба Яман гуфта буд, ки хостори барқарории оташбас пас аз чандин рӯзи ҷанги хунин аст. Ӯ таъкид карда буд, ки оташбас заминаро барои гуфтугӯи сулҳ миёни тарафҳои даргир фароҳам мекунад.

Сухангӯи Кофи Сафед аз Алӣ Абдулоҳ Солеҳ хостааст, ки раванди интиқоли қудрат ва иҷрои интихоботро пеш аз поёни соли ҷорӣ оғоз кунад. Ӯ дар ин бора гуфт: "Миллати Яман ба андозаи кофӣ ранҷ кашида ва ҳақ дорад аз ояндае беҳтар бархӯрдор бошад."

Дар ҳамин ҳол, Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форрс аз Солеҳ хост, ки фавран пешниҳоди ин шӯро барои поён додан ба бӯҳрони Яманро имзо бикунад. Бар пояи ин пешниҳод Солеҳ тамоми ихтиёроти худро ба муовинаш таҳвил медиҳад ва онҳо заминаро барои баргузории интихобот ва ислоҳи қонуни асосӣ фароҳам мекунанд.

Ҳарчанд Алӣ Абдуллоҳи Солеҳ чанд бор имзои ин пешниҳодро пазируфт, вале то кунун ба он имзо нагузоштааст.

XS
SM
MD
LG