Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти раҳоии шаҳрвандони Амрико дар Эрон


Ба гузориши расонаҳои давлатии Эрон, ду амрикоӣ, ки бо гуноҳи ҷосусӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буданд, дар ивази васиқа аз зиндон раҳо шуданд. Телевизиони инглисизабонӣ Пресс Ти Вӣ гуфт, додгоҳи Теҳрон ҳукм кардааст, то Шон Бауери 28-сола ва Ҷош Фатали 29-сола ҳарду дар ивази васиқаҳои 500 ҳазор долларӣ аз зиндон раҳо карда шаванд. Қарор онҳоро ба сафорати Швейтсария, ҳомии манофеъи Амрико дар Эрон бисупоранд. Як дипломати амрикоӣ низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари раҳоии шаҳрвандони кишварашро таъйид кард. Ин ду ҷавонро моҳи гузашта додгоҳи Эрон бо гуноҳи ҷосусӣ ва убури ғайриқонунии марз ба 8 солии зиндон маҳкум кард. Шаҳрвандони Амрико мегӯянд, зимни кӯҳнавардӣ дар соли 2009 нодониста аз Ироқ вориди хоки Эрон шудаанд. Ҳамроҳи саввуми онҳо, Сара Шурдро соли гузашта дар ивази васиқаи 500 ҳазор долларӣ ва бо назардошти беморӣ аз зиндон раҳо карданд.
XS
SM
MD
LG