Дар баробари мушкилоти дигарӣ зиндагӣ, бештар аз ҳама бехонагӣ бисёр моро азият медод. Мо зани се бародар бо фарзандонамон дар як манзили 4 ҳуҷрадор зиндагӣ дорем. Мо келинҳо ку мисли хоҳарон шудаву ба ҳам унс гирифтаем, лекин ин нуктаи оптимистонаро наметавонам дар бораи кӯдаконамон гӯям.
Баъди интизориҳои дурудароз ва дуову мушкилкушоҳои беохир, ки кори шавҳарам барор кунаду ягон кори хубе дар Русия пайдо кунад, ниҳоят дуоҳоям мустаҷоб шуданду шавҳарам дар аввали моҳи сентябр, саршавии соли хониши нав, 300 доллар фиристод ва таъкид кард, ки дар навбати аввал барои кӯдакҳо либоси мактабӣ бихараму боқиашро орду равған ва дигар анвои хурданӣ.
Дар ҳоле, ки аз шодӣ дар куртаам намеғунҷидам ва сад бор шукру розигии парвардагор мекардам, пули фиристодаи шавҳарамро аз бонк гирифтаму ҳамроҳи писари калониам Мақсудҷон роҳи бозори Корвонро пеш гирифтем. Дар яке аз дӯконҳои мубодилаи асъори воқеъ дар бозор, 150 долларро ба пули тоҷикӣ гардондаму саргарми тамошои бозор ва интихобу хариди либоси мактабӣ барои фарзандон шудам. Он лаҳза чунон шоду розӣ аз зиндагӣ будам, ки мондан гиред ва ба назарам чунин менамуд, ки доротару хушбахттар аз ман каси дигаре дар руйи замин нест. Бо чашми харидорӣ гоҳ ба матоъҳои қиммату ба гуфтаи занҳои ҳамсояам, «душманкушак» назар мекардаму гоҳ ба туфлиҳои қалампошнаи бозоргиру сарбандҳои рангорангу хушгул, вале боз ҳам таъкидҳои батакрори шавҳарам, ки «аввал либоси мактабиву ашёи хониш барои бачаҳо бихар!» дар гӯшам садо медоду яхдони холӣ аз маводи хӯрданиамон пеши чашмонам ҳозиру нозир мегашту дили нохоҳам чашм аз хостаҳои худам пепӯшидам.
Дар назди як дӯкон истода будам, ки овози зани куҳансоле сарусадоҳову ғавғоҳои бозорро, ки замбӯрхонаро мемонд, пахш кардаву ба осмон печид. Пиразан борхалтаи чок-чоки худро ба мардуми бозор нишон дода: «Вой хонаҳакат сӯзад дузд, пулакои нафақаамро чандин моҳ ҷамъ кардаву барои харидани гӯриву кафаниам омада будаме. Илоҳо насибат накунаде. Ай як одами дорандаро намедуздӣ охир, наход, ки чор тангаи ба рӯзи сиёҳ ҷамъ кардаи мани кампири бесоҳиба бидуздӣ. Илоҳо ҷувонимарг шавие», мегуфту мегирист.
Ман дар ҳоле, ки дилам ба пиразани баргаштатолеъ сахт месӯхт, ҳамёни пури пуламро, ки то ин вақт дар даст нигоҳ медоштам, ба як дастрӯмоле сахт печонида ба қуттии пойафзоли навхаридаам андохтаму қуттиро бошад ба даруни борхалта гузоштам ва хотирҷамъона роҳамро идома додам. Яъне ба таври худам пуламро аз чашми дуздон дурустар пинҳон кардам. Бехабар аз он, ки маҳз ҳамин лаҳза ва маҳз ҳамин кори маро дузди дар паям афтода интизор будааст ва ин «эҳтиёткории» ман барояш айни муддао будааст.
Ба дӯкони куртаҳои мардона расидему барои писари калониам як курати хуберо интихоб кардему хостам пулашро диҳам. Дар ҷустуҷӯи ҳамён, даст ба қутии пойафзол бурдаму ҳуш аз сарам парид. Борхалтаи ман аз ду тараф чок буду аз ҳамёни ман на дарак буду на паяк. Гуё касе як сатил оби хунукро бардоштаву аз боли сарам рехта бошад, меларзидаму на маҷоли роҳ рафтан доштаму на ҳарфе гуфтан. Ман, тобу тоқати шунидани тасаллияти роҳгузаронро надоштам, зеро фикр мекардам, ки шояд дар миёни онҳо ҳамон дузди беинсоф ҳам бошад, оби дидаҳоямро, ки рӯямро мешуст, пинҳон мекардам ва худамро коҳиш мекардам, ки чаро беёҳтиётӣ кардам. Ҳарчанд боре дар ҳамин бозор чашмам ба ду духтари ҷавоне афтода буд, ки даст ба ҷайби зане бурда мехостанд пулашро бидузданд. Сару садои зани фурӯшанда сабаб шуду онҳо аз райъашон баргаштанд. Ман сари инҳо меандешидам, ки ҳамин вақт доду войи писарам ба гӯшам расид, ки мегуфт. «Оча,телефони ман ҳам нест, касе телефонамро аз киссаи пушти шимам бардоштааст.»
Ману писарам бо борхалтаҳову ҷайбҳои холӣ аз бозор берун шудем ва дар ҳоле, ки дили ҳардуямон аз андӯҳу ноумедӣ хун мегирист, бо ҳам маслиҳат мекардем, ки ба шавҳарам чӣ гӯем. Як мақоли мардумӣ ҳаст, ки «Камбағала эзораш сӯхт, гуё, ки хонааш сӯхт». Хайрият, ки дар ҷайби Мақсудҷон чандто яксомона будааст, вагарна пои пиёда ба хона мерафтем.
Вақте аз бозор берун шудем ва ба ҳамон дӯкони пуливазкунӣ наздик шудем, писарам ба чанд нафари дар назди дӯкон истода ишора карда гуфт: «Оча бубин, инҳо ба фикрам дуздбачаҳоянд». Мо ки аз паҳлӯ нигоҳ мекардем, баръало дидем, ки он бачаҳо ҳарчанд худро машғули сӯҳбат вонамуд мекарданд, лекин чашмашон ҷониби ҳамон панҷараи дӯкони пуливазкунӣ дӯхта шуда буд. Мо ҳарду чанд лаҳза истода рафтори онҳоро наззора кардем. Яке аз онҳо, ки тануманд ва калонсолтар ба назар мерасид, сардори онҳо буд магар, ки бо навбат ба ҳар дуздбача бо сараш ишора мекард, ки аз паси одами пуливазкарда равад. Ману писарам, ки аз дуздони бозор ҷабр дида будем, акнун ҳушёртар шуда ин кашфиёти кардаамонро хостем каме ҳам бошад ба суди афроди ҳанӯз ҷабрнодида истифода барем. Мо каме дуртар аз дӯкон истода ба чанд нафар, ки пулҳояшонро иваз карда роҳ ҷониби дохили бозор гирифта буданд, оҳиста наздик шуда гуфтем, ки эҳтиёт бошанд ва пулҳояшонро дурустар пинҳон кунанд, ки дуздбачаҳо дар паяшон афтодаанд. Ҳамин вақт яке аз дуздбачаҳо, ки думболи зани миёнсоле мерафт, ин кори маро пай бурд магар, ки ҷонибам нигоҳи ғазаболуде партофту аз роҳаш баргашт.
Ман, ки дар ғами пулҳои гумкардаам ва ғазаби шавҳарам дилам ҳар лаҳза фишурда мешуд ва нафас аз гулуям бо сахтӣ берун мешуд, ҳамроҳи писарам роҳ ҷониби хона гирифтам. Ӯ маро ором мекарду ман ӯро. Ниҳоят маслиҳат кардем ки занг зада шавҳарамро огоҳ кунем. Падари фарзандонам ин хабари шумро боасабоният шуниду чанд носазои дигарро ҳадяи ман карду бо қаҳр телефонашро хомӯш кард.
Танҳо баъди як ҳафта мувофиқи шунидам 200 доллар аз кадом ҳамкораш қарз гирифта фиристод то либосу ашёи мактаб бихарем. Лекин ман акнун аз боварии вай баромада будам. Ҳарчанд аз ин ҳодиса як сол гузашта бошад ҳам шавҳарам ба номи ман пул нафиристодааст, балки ба хоҳараш, бародараш, ҳатто ба язнааш занг мезанад, ки рафта пули фиристодаашро аз бонк бигираду чизҳои лозимиро барои хона бихаранд. Ба ман бошад таъкид мекунад, ки «ту дигар поятро ҷониби бозор намемонӣ, фаҳмидӣ».
Ана ҳамин аст ҷабри кашидаи ман аз дасти дуздони бозори «Корвон». Ин қиссаро бошад барои ҳамватанону ошноёни азиз навиштам, ба он хотир, ки дарсе шавад барояшон ва ҳангоми вориди бозор шудан пулҳояшонро дурустар пинҳон кунанд. Албатта мисли ман ҳамёнашонро дар қуттии пойафзол неву беҳтараш дар дасташон сахт қапанд. Оҳе, кошкӣ инро ман худам пештар медонистаму пулҳои бо чандин заҳмат дар муҳоҷират кор кардаи падари фарзандонамро ба дасти киссабуррон намедодаму хонаи дуздро туйхонаву дили худро ғамхона намекардам.
Гулрухсор, сокини маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе.
Масъули бахш Сафаргул Олимӣ.