Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирофҳои "маҷбурӣ"-и Мискинёр


Набил Мискинёр
Набил Мискинёр

Набил Мискинёр, муҷрии як барномаи маъруфи сиёсӣ дар телевизиони “Ориёно”, ки аз Амрико барои Афғонистон барнома пахш мекунад, дар беш аз 60 соли зиндагиаш дар гуфторҳои мухталифи телевизионӣ ширкат кардааст.

Вале он чи ки ҳафтае пеш бо ӯ дар як шабакаи телевизионии Кобул гузашт, комилан фарқ мекард. Мискинёр мегӯяд, ӯро маҷбур кардаанд, то дар мусоҳиба бо телевизиони “Имрӯз” аз тамоми гуфтаҳои қаблиаш дар бораи ҷангсолорони собиқе, ки акнун ба фаъолияти сиёсӣ
Бино ба иддаои Мискинёр, ӯ таҳти чунин фишор ва аз тарс маҷбур шудааст, ин ҳарфҳоро бизанад ва онҳо ин ҳамаро ҳамчун “мусоҳиба” дар навор сабт кардаанд...

пардохтаанд, даст бикашад.

Ӯ мегӯяд, рӯзи 12 сентябр ӯро дар Кобул 4 нафар, бо шумули молики шабакаи “Имрӯз” Наҷибуллоҳ Кобулӣ, ба як зиёфат бурданд. Ин мулоқот бо миёнҷигии нафаре ташкил шуда буд, ки ҳамкории байни телевизионҳои “Ориёно” ва “Имрӯз”-ро пешниҳод мекард.

Ба гуфтаи Набил Мискинёр, пас аз зиёфат ӯро бо таҳдиди силоҳ маҷбур карданд, то ба хабарнигори “Имрӯз” Фаҳими Кӯҳдоманӣ мусоҳиба диҳад: "Зимнан ин одам гуфт, ки ту дар нашароти телевизиониат ҳамеша ғайбат мекунӣ, ҳамеша бад мегӯӣ дар мавриди раҳбарони муқовимати миллӣ. Манзураш оқои Рабонӣ буд, оқои Масъуд буд, оқои Сайёф буд, доктор Абдуллоҳ буд, Аҳмадзиё Масъуду Аҳмадвалӣ Масъуд буд ва генерал Қасими Фаҳим. Бале, ман дар мусоҳиба фақат ончиро ки гуфтам, ин аст, ки ман агар алайҳи раҳбарони муқовимат дуруст нагуфта бошам, ё ғалат гуфта бошам, ё ҷанбаи авомфиребона дошта бошад, ман аз мардуми Афғонистон маъзарат мехоҳам."

Мискинёр баъдан, рӯзи 16 сентябр, дар як изҳороти матбуотӣ иддао кард, ки гӯиё аз ӯ хостаанд, то ҷосуси Амрикову тарафдори Покистон ва зидди Эрон буданашро низ ба гардан бигирад. Мискинёр мегӯяд, дар тамоми тӯли мусоҳиба ду мили туфанг ба сӯи рост шуда буд ва гӯиё Кӯҳдоманӣ ба ӯ таҳдид кардааст, ки агар тамоми ҳарфҳои мақбули онҳоро нагӯяд, ҳам ӯ ва ҳам кулли аъзои хонаводаашро хоҳанд кушт.

Наҷибуллоҳ Кобулӣ
Аммо Наҷибуллоҳ Кобулӣ, молики шабакаи телевизионии “Имрӯз” ин даъвоҳои Мискинёрро рад мекунад. Вай мегӯяд, ӯ низ аз мунтақидони режими рӯҳонии Эрон аст ва ба ин далел наметавонист Мискинёрро маҷбур кунад, ки дар бораи давлати Эрон ҳарфҳои мусбат бизанад.

Ӯ гуфт: "Ман фикр мекунам, оқои Мискинёр омада буд, то гара битавонад, аз бисёр раҳбароне, ки худаш бисёр тавҳин карда буд, дар инҷо аз онҳо юоҷгирӣ кунад, як миқдор пул бигирад, ки ман дигар дар баробари шумо сокит мешавам. Ҳамин аст ки барои мусоҳибае телевизиони моро интихоб кард ва мусоҳиба дод. Баъди ин ки дид, ки раҳбарон ба ӯ чизе қоил нашуданд ва пул надоданд, дубора як мавқеъгирӣ алайҳи ман кард, ки ягон имтиёз бигирад. Ба назари ман, ба ин ҳама худаш метавонад ҷавобгӯ бошад."

Вале бино ба иддаои Мискинёр, ӯ таҳти чунин фишор ва аз тарс маҷбур шудааст, ин ҳарфҳоро бизанад ва онҳо ин ҳамаро ҳамчун “мусоҳиба” дар навор сабт кардаанд. Ӯ мегӯяд, вайро пас аз анҷоми мусоҳиба 7 соати дигар нигоҳ дошта, сипас бо чашмони баста дар як кӯчаи Кобул сар додаанд. Ва ӯ ба муҷарради расидан ба манзил бо аҳли хонаводааш ба тарки Афғонистон иқдом кардааст.
XS
SM
MD
LG