Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабинаи нави ҳукумати Либия ҳанӯз ташкил нашудааст


Маҳмуд Ҷибрил
Маҳмуд Ҷибрил
Дар шароити идомаёбии муборизаҳо зидди тарафдорони раҳбари барканоршудаи Либия, ҳукумати муваққат ҳанӯз бар сари эҷоди кабинаи нав мувофиқа ҳосил накардааст. Нахуствазири муваққат Маҳмуд Ҷибрил, ки қарор буд рӯзи якшанбе аъзои кабинаи навро муаррифӣ мекард, гуфт, музокирот бар сари таъйини вазифаҳои калидӣ идома дорад. Зимни сӯҳбат дар шаҳри шарқии Бенғозӣ Ҷибрил гуфт:

“Бо анҷоми мубоҳисаҳо, ҳукумати нав базудӣ муаррифӣ мешавад. Умедворам, музокираҳо зуд натиҷагирӣ мешаванд”.

Дар ҳамин ҳол, нирӯҳои шӯрои милии гузор ҳамоно дар Бани Валид ва зодгоҳи Муаммар Қаззофӣ шаҳри Сирт дучори муқовимати шадид ҳастанд. Барои пурра зери назар гирифтани тамои қаламрави Либия ба ҳукумати гузор пирӯзӣ бар нирӯҳои вафодори Қаззофӣ ҳаётан муҳим аст.
XS
SM
MD
LG