Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Сафири Русия таҳқиқи қатли Ҷонибекро ваъда кард


Сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов
Сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов

Вазорати умури хориҷӣ аз қатлу куштори рӯзафзуни шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия изҳори ташвиш кард.

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмуд Собиров рӯзи ҷумъа дар мулоқоте ба сафири Русия Юрий Попов бо изҳори нигаронии ҷиддии Душанбе гуфтааст, ки қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди 24-солаи тоҷик Ҷонибек Қосимов дар ноҳияи Сергиев Посади вилояти Маскав ҷомеаи Тоҷикистонро такон додааст.
Дар ҳоле ки ба иллати қатли ваҳшиёнаи Ҷонибек Қосимови 24-сола аксари мардум аз амалкарди мақомоти тоҷик дар ин самт интиқод мекунанд, Вазорати умури хориҷӣ ва сафорати Тоҷикистон дар Русия талош доранд, ба ин танқидҳо вокуниши муносиб нишон диҳанд...


Ба иттилои хабаргузории “Азия-Плюс” муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ин дидор таъкид кардааст, ки кишвараш аз мавридҳои марги хушунатомези шаҳрвандонаш шадидан нигарон аст ва аз мақомоти Русия мусоадат ба таҳқиқи фарогири чунин қазияро дархост мекунад.

Мулоқот дар ҳоле доир шудааст, ки хабари ба Тоҷикистон нтиқол ёфтанди ҷасади гарданбуридаи Ҷонибек Қосимов хашми шаҳрвандони Тоҷикистонро барангехтааст. Ҷасади ӯ рӯзи 7 сентябр аз як ҷангалзор дар ноҳияи Сергиев Посади вилояти Маскав кашф шудааст. Аммо рӯшан нашудааст, ки ин як мулоқоти навбатӣ ва корист ё Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сафир Поповро маҳз дар робита ба ин воқеа расман даъват кардааст. Ин ду шеваи мулоқот дар равобити байнулмилалӣ аз ҳам тафовути зиёд доранд.

Дипломати рус дар пайванд ба қатли шаҳрванди Тоҷикистон изҳори таассуф карда ва мақомоти Душанберо итминон додааст, ҳукумати худро аз ин нигарониҳои Тоҷикистон дар ҷараён хоҳад гузошт ва талош хоҳад кард, ки пажӯҳиши куштори ваҳшиёна бетарафона ва аз рӯи ҳақиқат анҷом гирад.

Садҳо нафар аз хонандагони торнамои Радиои Озодӣ ба матлабе бахшида ба қатли ваҳшиёнаи Ҷонибек Қосимов вокуниши шадид нишон доданд ва хостори муҷозоти омилони ин ҷиноят шуданд. Онҳо ҳатто эълом доштанд, ки афсурдагии хешро аз ин воқеа дар як намоиши эътирозӣ дар баробари сафорати Русия дар Душанбе баён хоҳанд кард. Нашрияҳои Тоҷикистон низ аз мақомоти кишвар тақозо кардаанд, ба мавридҳои куштор ва латукӯбу таҳқири муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҷиддан расидагӣ кунад. Бархе аз сарони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистн ва вакилони Маҷлиси намояндагон бархӯрди ҳукумати кишварро ба ин падидаҳо заиф ва нокофӣ шумурданд.

Ин дар ҳолест, ки қатл, зарбулат ва таҳқиру тавҳини шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дар пасманзари ноҳамвориҳои равобити байни ду кишвар рӯ ба афзоиш дорад. Мақомоти додситонии Русия дар таҳқиқи чунин парвандаҳо саҳлангорӣ ва додгоҳҳои Русия дар муҳокимаи онҳо бархӯрди ғаразомез нишон медиҳанд. Сарбурии муҳоҷири дигари тоҷик -- Салоҳиддин Азизов дар моҳи декабри соли 2008, дар ҳоле ки як созмони фашистони рус расман масъулияти онро бар ӯҳда гирифт, то ҳол аз тарафи мақомоти Русия ба таври бояду шояд таҳқиқ нашудааст. Қотилони духтарчаи 9-солаи тоҷик Хуршеда Султонова дар Санкт-Петербург пас аз боздошти кӯтоҳмуддат ва муҳокима дар додгоҳ ба "авбошӣ" муттаҳам шуданд ва ба зудӣ озод гаштанд. Умуман беҷазо мондани омилони чунин рӯйдодҳо ё муносибати нарми додгоҳ ба онҳо сабаби афзоиши ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия шудааст.

Хешу наздикони мақтулон низ ба иллати камбуди сармоя ва такия ба "тақдири худованд" фишор ба мақомоти Русияро барои таҳқиқи комили ҷиноят алайҳи пайвандони худ то охир намерасонанд. Падари Салоҳиддин Азизов дар моҳи декабри соли 2008 ба хабарнигори Радиои Озодӣ, Носирҷони Маъмурзода чунин гуфта буд:

Муҳаббатшоҳи Азиз
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00


Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар давру бари 1 миллион нафар рақам зада мешавад. Бино ба маълумоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, тайи 8 моҳи аввали сол аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 600 мурдаи шаҳрвандонро ба ватан овардаанд, ки аксари онҳо аз дасти нажодпарастон ва сартарошидаҳо кушта шудаанд. Нашрияи "Нигоҳ" дар Тоҷикистон бо истеҳзо навишт, магар ин "ташаккур"-и Русия дар посух ба тамдиди 50-солаи ҳузури ҳарбии он дар Тоҷикистон аст?

Дар ҳоле ки ба иллати қатли ваҳшиёнаи Ҷонибек Қосимови 24-сола ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аксари мардум аз амалкарди мақомоти тоҷик дар ин самт интиқод мекунанд, Вазорати умури хориҷӣ ва сафорати Тоҷикистон дар Русия талош доранд, ба ин танқидҳо вокуниши муносиб нишон диҳанд. Бар замми баррасии масъала дар мулоқот бо сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов, сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Вазорати умури хориҷии Русия нотаи эътирозӣ фиристод ва намояндаи расмии ин сафорат бо мақомоти тафтишотии ноҳияи Сергиев Посади вилояти Маскав мулоқот дошт.
XS
SM
MD
LG