Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ки дар Либия ба сар мебурд, рӯзи ҷумъаи 16-уми сентябр дар муқобили ҳазорон нафар аз мардуми ин кишвар дар Троблус гуфт, ки мардуми Либия бо сарнагунии Қаззофӣ, ба улгуе барои дигарон табдил шуданд, ки барои раҳоӣ аз саркӯб талош мекунанд.
Нахуствазири Туркия дар миёни ташвиқи ҳозирон афзуд: "Шумо ба тамоми ҷаҳон нишон додед, ки ҳеҷ иродае наметавонад дар муқобили иродаи қудрати мардум биистад."
Либия охирини истгоҳи Эрдуғон дар ҷараёни сафари ӯ ба шимоли Африқо аст. Ӯ умед дорад сафараш ба Либия ва дидор бо раҳбарони ҷадиди ин кишвар, дастовардҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ба ҳамроҳ дошта бошад, ба вижа ин, ки Туркия ба инқилобиёни Либия дар ҷангашон бо Қаззофӣ ёрӣ расонд.
Сафари нахуствазири Туркия ба Либия як рӯз пас аз сафари Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса ва Девид Камерун, нахуствазири Британия ба ин кишвар сурат мегирад.
Мардуми Либия аз Эрдуғон гарм истиқбол кардаанд. Ӯ дар майдони Сабзи Троблус, ки ҳамакнун ба майдони Шуҳадо шӯҳрат ёфтааст, суханронӣ кард. Ин майдон пештар маҳали суханронии Қаззофӣ буд, ки аз он ҳаводорони худро ба муқобила бо мухолифон фаро мехонд.
Дар Тунис ва Миср -- ду кишвари дигаре, ки дар моҳҳои ахир инқилобҳояшон пирӯз шуда буд, аз Эрдуғон ба гармӣ истиқбол шуд.
Эрдуғон дар канори Мустафо Абдулҷалил, раиси Шӯрои миллӣ-интиқолӣ, ки ҳокимияти муваққати Либияро дар даст дорад, дар канори садҳо нафари дигар дар намози ҷумъаи Троблус ҳозир шуд.
Ӯ дар суханоронии худ бо таъкид бар ин, ки давраи низомҳои истибдодӣ поён ёфтааст гуфт: «Акнун навбат ба ҳокимияти миллат расидааст. Ба шумо ба хотири муборизаҳоятон табрик мегӯем.»
Эрдуғон борҳо аз Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия хостааст ба хушунатҳо алайҳи муътаризон поён диҳад. Ин интиқодҳо дар ҳафтаҳои ахир шиддат гирифтаанд, аммо то ҳадди дархости канорагирии Асад нарасидааст.
Шаш моҳ аз оғози эътирозҳо дар Сурия мегузард. Бино бар омори ироашуда аз сӯи СММ, дар ҷараёни саркӯбиҳо то кунун беш аз 2600 нафар кушта шудаанд. Мақомҳои суриягӣ вуҷуди тазоҳуроти мусолиматомез дар кишварашонро рад карда ва мегӯянд, ки дар ҳоли мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳи террорист ҳастанд.
Қудратҳои ғарбӣ аз Башшор Асад хостаанд аз қудрат канорагирӣ кунад.
Анқара равобити сиёсӣ ва тиҷоратии худро бо Сурия дар солҳои ахир беҳбуд бахшидааст. Ин дар ҳоле аст, ки ба далели паноҳ додани шӯришиёни курди Туркия тавассути Сурия, ду кишвар дар даҳаи навади қарни гузашта, то остонаи ҷанг пеш рафта буданд.