Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стан-ТВ бояд антеннаҳояшро бардорад


Ширкати телевизиони интернетии Стан-ТВ бояд антеннаҳояшро аз боми дафтари худ бардорад. Додгоҳи шаҳри Алма-Атои Қазоқистон ба далели зарари ин антеннаҳо ба саломати сокинони атрофи ин бино чунин ҳукм кардааст. Ҳукми додгоҳ бар пояи як баёнияи қаблии идораи ҳифзи сиҳҳати Алма-Атост, ки антеннаҳои Стан-ТВ-ро манбаъи хатар барои сокинони атроф хонда буд. Аммо созмони ғайридавлатии “Одил Соз” билофосила ин ҳукмро намунаи маҳдуд кардани фаъолияти ин шабакаи хусусӣ номид. Стан-ТВ аз сӯи соҳибкори фирории қазоқ Мухтор Аблиёзов, ки феълан дар Бритониё ба сар мебарад, таъсис ёфта, тавассути Интернет ва асосан дар бораи кишварҳои Осиёи Марказӣ барнома пахш мекунад.
XS
SM
MD
LG