Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорон ва мухолифони Фаластини мустақил


Қарор аст, фаластиниён аз Созмони Милал бихоҳанд, то Фаластинро ба ҳайси як кишвари мустақил эътироф кунад.

Дипломатҳои фаластинӣ солҳои тӯлонӣ саъй доштанд, то кишварҳои саросари ҷаҳон Фаластинро ба ҳайси кишвари мустақил эътироф кунанд. Ҷаҳду талошҳои онҳо ҳосил дод, чун то кунун 120 кишвар хостаи онҳоро иҷро кардаанд.
Фаластиниён мехоҳанд, Созмони Милал бар асоси қаламравҳои Канораи Ғарбӣ ва Навори Ғаззаи то соли 1967 Фаластинро кишвари мустақил эътироф кунад ва Байтулмуқаддаси шарқӣ, пойтахти он бошад...


Ҳоло дипломатҳои фаластинӣ дар нишасти 66-уми Маҷмаи умумии Созмони Милал мехоҳанд, то ин созмон Фаластинро ба ҳайси як узви мустақили комилҳуқуқи худ бипазирад. Пешниҳоди фаластиниён, шояд доғтарин баҳсро дар нишасти Созмони Милал ба вуҷуд биёрад, чун мухолифони эътирофи Фаластин ҳам кам нестанд.

Аммо ба эҳтимоли ғолиб, аз миёни 193 узви Созмони Милал, сеяки онҳо ё 129 кишвар ба тарафдории пазируфтани Фаластин ба ҳайси кишвари мустақил раъй хоҳанд дод. Кишварҳои Африқо, Осиё, Амрикои Лотинӣ ва, албатта, кишварҳои арабӣ ҳама мехоҳанд, орзуи фаластиниён амалӣ шавад. Ҳатто агар Маҷмаи умумии СММ ба тарафдории эътирофи Фаластин ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмони Милал раъй диҳад ҳам, сарнавишти ин қарор бояд дар Шӯрои Амният ҳал шавад.

АМРИКО ГУФТ, ВЕТО МЕГУЗОРАД

Аз ҳоло яке аз аъзои доимии Шӯро, Иёлоти Муттаҳида ва шарики аслии Исроил гуфтааст, қарори мазкурро вето мегузорад. Давлати Исроил мегӯяд, талаби эътирофи Фаластин мухолифи созишномаи сулҳи Осло дар соли 1993 аст, ки истиқлоли марҳила ба марҳилаи Фаластин аз Исроилро пешбинӣ кардааст. Дар остонаи баҳс дар Маҷмаи умумии Созмони Милал кишварҳои мухолиф ва тарафдори пазируфтани Фаластин ба созмон, тамоми корро кардаанд, то сафи яке аз дигарӣ бештар бошад.

Дар ин миён кишварҳои Аврупо ва дигар кишварҳои ғарбӣ дар мавқеи ҳассосе қарор доранд, зеро ҳимояти онҳо аз мавқеи ҳампаймони бузурги худ Амрико метавонад, дар Ховари Миёна барои онҳо дарди сарҳои сиёсӣ эҷод кунад. Раъйи мусбати қудратҳои ғарбӣ агарчӣ ветои Амрико дар Шӯрои Амниятро тағйир намедиҳад, аммо сармояи бузурги сиёсӣ барои Фаластин хоҳад буд, ки дигарон наметавонанд, нодида бигиранд.

КӢ ШИКАСТ МЕХӮРАД?

Эллиот Абрамс таҳлилгари Шӯрои равобити хориҷии Амрико ва аз мушовирони пешин дар аҳди Роналд Рейган ва Ҷорҷ Буш мегӯяд: "Бузургтарин суол ин аст, ки оё фаластиниён раъйи қудратҳои демократиро ба даст меоранд. Амрико, Канада, Австралия, Зеландияи Нав, Иттиҳодияи Аврупо суол бар сари ҳаминҳост. Агар фаластиниён раъйи зиёдро ба даст оранд, вале қудратҳои обрӯманди демократӣ мухолифат кунанд, ин як навъ шикаст барои онҳо аст."

Катрин ЭШТОН
Аммо то кунун мавқеи Иттиҳодияи Аврупо рӯшан нест. Катрин Эштон, масъули умури хориҷии иттиҳодия, зимни сафараш ба сарзаминҳои фаластиниён ва Исроил дар моҳи июн аз посухи мустақим дар ин бора худдорӣ варзид. Рашид Холидӣ, профессор ва пажӯҳишгари умури кишварҳои арабӣ доир ба мавзеъгирии дигар аъзои доимии Шӯрои амният мегӯяд: "Чунин ба назар мерасад, ки Фаронса мехоҳад, як навъ қатъномаеро пешниҳод кунад, вале маълум нест, то куҷо онҳо ба мавзеъгирии Иёлоти Муттаҳида мухолифат хоҳанд кард. Ба андешаи ман, шояд Русия ва Чин тарафдорӣ кунанд, аммо ҳоло рӯшан нест, Бритониё чӣ гуна амал хоҳад кард."

РУСИЯ АЗ ФАЛАСТИН ТАРАФДОРӢ МЕКУНАД?


Виталий Чуркин, сафири Русия дар Созмони Милал гуфтааст, дар сурати пешниҳоди ҳар навъ қатънома дар мавриди эътирофи Фаластин, кишвараш ба тарафдории он раъй хоҳанд дод. Баъзе аз дипломатҳои аврупоӣ гуфтаанд, кишварҳои умдаи Иттиҳодияи Аврупо умедворанд, бо пешниҳоди тарҳи алтернативӣ аз ин вазъи ҳассос худро раҳо кунанд. Дар ин қатънома онҳо баъзе аз хостаҳои фаластиниёнро матраҳ карданӣ ҳастанд, ки мехоҳанд, дар музокироти сулҳ бо Исроил иҷро шавад.

Виталий ЧУРКИН
Аз ҷумла, шароитеро, ки ҳоло Исроил намепазирад, ба мисли бозгашт ба марзҳои пеш аз ҷанги арабҳову Исроил дар соли 1967 ва ҳамчунин таъйини Байтулмуқаддаси шарқӣ ба ҳайси пойтахти Фаластин. Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, ба бозгашт ба сарзаминҳои мавҷуд то соли 1967 таъкид карда, вале гуфтааст, бояд замонати амнияти Исроил ҳам дода шавад. Маълум нест, то куҷо фаластиниён ҳозиранд, талошҳои худ барои пазируфтан дар Созмони Милалро бо таъйини чаҳорчӯба барои музокироти cулҳ иваз кунанд. Вале ҳадди ақал аврупоиҳо умедворанд, дар сурати мухолифати Амрико дар Шӯрои Амният барои пазируфтани Фаластин ба узвияти Созмони Милал, бо пешниҳодоти худ, аз хашми саросарӣ дар Ховари Миёна ва ё ҳатто хушунат ҷилавгирӣ мекунанд.

ИСРОИЛ ҲУШДОР МЕДИҲАД...

Айни замон роҳи дигаре барои фаластиниён вуҷуд дорад, ки метавонанд, аз Маҷмаи умумии Созмони Милал дархост кунанд, ки Фаластинро на ба ҳайси узви созмон, балки кишвари мустақил эътироф намояд. Барои пазируфтани ин дархост, раъйи аксарияти аъзои Маҷмаи умумӣ зарур аст ва шарт нест, Шӯрои Амният онро тасвиб кунад. Мақоми кишвари мустақил ба Фаластин имкон медиҳад, ба ҳайси “кишвари ғайриаъзои нозир” дар Созмони Милал пазируфта шавад.

Дипломатҳои фаластинӣ мегӯянд, ин мақом ба Фаластин иҷоза медиҳад, ба аҳдномаҳои байнулмилалӣ ва ҳам ба Додгоҳи байнулмилалии ҷурму ҷиноят бипайванданд, ки ба онҳо имкон медиҳад, Исроилро бо иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ба додгоҳ бикашанд. Фаластиниён мехоҳанд, Созмони Милал бар асоси қаламравҳои Канораи Ғарбӣ ва Навори Ғаззаи то соли 1967 Фаластинро кишвари мустақил эътироф кунад ва Байтулмуқаддаси шарқӣ, пойтахти он бошад. Аммо Исроил ҳушдор дод, ки чунин дархост, барои фаластиниён паёмадҳои баду сангине хоҳад дошт, аммо нагуфт, ки чӣ кор хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG