Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Эрон ва Покистон ба ҳамкории зидди терроризм


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ дар дидоре дар Теҳрон ба ҳамоҳангии бештари ду кишвар дар муборизаи зидди терроризм даъват карданд. Аҳмадинажод ба Гелонӣ гуфтааст, мубориза бо терроризм иттиҳод ва ҳамоҳангии кишварҳо ва миллатҳоро тақозо мекунад. Гелонӣ гуфт, ду кишвар метавонанд, аз тариқи равобит ва ҳамкориҳои наздик бо ваҳшатафканӣ бархӯрди қавитаре нишон диҳанд. Ин дар ҳолест, ки ду кившар дар моҳҳои охир ҳамкорӣ ва равуои бештар нишон медиҳанд.
XS
SM
MD
LG